Нахустнамоиши филми ҳунарии “Зани руйин” дар Душанбе
Нахустнамоиши филми ҳунарии “Зани руйин” дар Душанбе Нахустнамоиши филми мустанади “Зани руйин” дӯстдорони синаморо дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собирови МД Тоҷикфилм ба ҳам овард. Намоиш дар толори пур аз тамошобин сурат гирифт.
Дар оғоз сарпарастон ва аҳли синамои кишвар тавлиди мустанади навро дар Тоҷикистон ки аз ҷониби коргардони ҷавон Ардашер Пайванд таҳия шудааст нишонаи рушди соҳаи синамои ватани арзёби карданд.
Зикр шуд, ки имрӯз барои навраҳони соҳа шароити хубу созгор муҳайё буда, ин ҳама натиҷаи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Ҳукумати ҶТ мебошад.
Бояд гуфт, ки филми мустанади Зани руйин бори аввал дар Душанбе намоиш дода мешавад. то ин вақт дар фестивали байналмилалӣ дар Қазоқистон пешниҳод шудааст. Он дар бораи зани танҳое қисса мекунад, ки бо фарзанди маъюби гуруҳи дуюм дар шаҳри Душанбе иҷоранишин аст ва бори зиндагиро бар душ дорад. Ҳамчанд ин аввалин кори коргардони Ардашери Пайванд аст, вале бо сифати баланд ва мувофиқ ба талаботи муосир таҳия гаштааст.
Бояд гуфт, ки ин филми мустанад муҳимияти фаъолияти корманди бахши иҷтимоиро дар ҷомеа барҷаста нишон медиҳад ва то куҷо зарур будани уро дар Тоҷикистон матраҳ менамояд. Давомнокии филм 19-дақиқа буда, ба гуфтаи коргардон он моҳҳои июн августи соли равон дар Душанбе ба навор гирифта шудааст.
Дар таҳияи филм наворбардор-таҳиягар Наврӯз Саидов, садобардор-Ҳомидҷон Ҳомидов таҳиякунанда Фирдавс Насруллозода ва коргардони садо Хуршед Норов саҳм гузоштаанд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ