image

Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода мулоқот доир шуд

date_range13.12.2022, 18:31 chat_bubble_outline0 remove_red_eye338

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир ба иҷрои қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 11 июни соли 2022 бо мақсади баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ҳувияти миллии сокинони пойтахт, инчунин вобаста ба тақвият додани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии тақлиди занону духтарон ба либоспӯшӣ ва фарҳанги бегона, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон дар толори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода мулоқот доир шуд.

Дар вохӯрӣ роҳбарияти Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва устодони донишҷӯёни донишкада ва дигар фаъолон иштирок намуданд.

Маърӯзачиён дар баромади худ оид ба пешгирӣ аз фарҳанги бегона, ҷалби духтарон ва занону бонувони хонашин ба касбомӯзӣ, тарғибу ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ ва маълумотнок намудани ҷавондухтарон ҳарф заданд.

Дар ҷараёни мулоқот ба сокинон ва фаъолони ноҳия тавсия гардид, ки маромномаи сокинони пойтахтро риоя намуда, фарҳанги шаҳрдориву шаҳрнишинро пешаи асосии худ қарор диҳанд.

Дар вохӯри баромадкунандагон вобаста ба фарҳанги шаҳрнишинӣ, гаравидани ҷавонон аб ҳар гунна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, тақлиди куркурона ба фарҳангӣ бемгона ва дигар мавзуҳои мавриди таваҷҷуҳ сухан карда, аз ҳамами сокинон даъват ба амал оварданд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри тарбияи хуби фарзанд ва соҳибкасбу донишманд гардонида онҳо саъю талош намоянд, зеро тарбияи насли бомаърифати ҷаҳон ояндаи гулгуншукофи ҳар як давлату миллат дониста мешавад.

Дар идомаи мулоқот намояндагон аз ҳозирин аз ҷумла ҷавондухтарон даъват намуданд, ки ба ҳаёти мустақилона ҳамаҷониба омода шаванд, нозукиҳои оилаву оиладорӣ ва маърифати оиладорӣ, ҳурмату эҳтироми калонсолон ва аз ҳама муҳим ҳамсарро ба ҷо оранд ва ар зиндагӣ ҳамеша сабуриро пеша намоянд.