image

Маросими ҷоизасупории Лигаи футболи Тоҷикистон ба беҳтаринҳои соли 2022

date_range13.12.2022, 16:28 chat_bubble_outline0 remove_red_eye281

13 декабр дар толори «Кохи Суруш»-и шаҳри Душанбе маросими тантанавии ҷоизасупории Лигаи футболи Тоҷикистон дар сатҳи баланд баргузор гардид, ки дар он беҳтаринҳо аз рӯи натиҷаи мавсими гузашта эълон шуданд.

Дар маҷмӯъ, дар ин рӯз ғолибон аз рӯи понздаҳ номинаи Лигаи олии Тоҷикистон, чемпионати кишвар миёни дастаҳои Лигаи якум ва чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои ҷавонони Лигаи олӣ маълум шуданд. Инчунин ба беҳтарин нишонзанҳои Лигаи олӣ ва якум ва чемпионати кишвар миёни ҷавонон ҷоизаҳо тақдим карда шуданд.

Рӯйхати номзадҳо ба ҷоизаҳои инфиродии Лигаи футболи Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои соли 2022:

Худойдод Узоқов аз дастаи футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ «Беҳтарин бозингари Лигаи якум дар соли 2022» дониста шуд. Тоҳир Муъминов аз дастаи футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ «Беҳтарин мураббии Лигаи якум дар соли 2022» интихоб гардид.

Паҳлавон Баҳризода аз дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе «Беҳтарин бозигари Чемпионати Тоҷикистон миёни ҷавонон дар соли 2022» интихоб гардид.

Фарҳод Холбеков аз дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода «Беҳтарин мураббии Чемпионати Тоҷикистон миёни ҷавонон дар соли 2022» интихоб гардид.

Гулмуроди Саъдулло аз шаҳри Душанбе «Беҳтарин довар дар соли 2022» дониста шуд.

Рустам Ятимов аз дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе «Беҳтарин дарвозабон дар соли 2022» интихоб гардид.

Аҳтам Назаров аз дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе «Беҳтарин ҳимоятгар дар соли 2022» интихоб шуд.

Тоҳирҷон Тағойзода аз дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар «Беҳтарин нимҳимоятгар дар соли 2022» дониста шуд.

Ҷаҳонгир Эргашев аз дастаи футболи «Хуҷанд» -и шаҳри Хуҷанд «Беҳтарин ҳамлагар дар соли 2022» гардид.

Самуэл Офори аз дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб «Беҳтарин легионер дар соли 2022, ки дар чемпионати Тоҷикистон бозӣ мекунад», интихоб гардид.

Алишер Тӯхтаев аз дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе «Беҳтарин мураббӣ дар соли 2022» эълон гардид.

Манучеҳр Ҷалилов аз дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе «Беҳтарин бозингар дар соли 2022» интихоб гардид.

Мавриди зикр аст, ки дар охир ғолибон аз ҷониби Лигаи футболи Тоҷикистон бо мукофотҳо ва сипосномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.