Баргузории Озмуни шаҳрии «Мурабии сол-2022» дар пойтахт
Бо мақсади ҳавасмандгардонидани мураббиёни фъоли муассисаҳои таълимии томактабӣ, дастгирии моддӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид баҳри инкишофи рағбати мураббиён ба ташаббускорию эҷодкорӣ ва тарғиб намудани таҷрибаи пешқадами мураббиёни беҳтарин дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи тасдиқи низомномаҳои озмунҳои касбии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе» дар пойтахт даври шаҳрии Озмуни шаҳрии «Мураббии сол-2022» оғоз гардид.
Ҳайати комиссия дар ноҳияи Шоҳмансур ба Ширхоргоҳ-кӯдакистони рақами 1 ташриф оварда, аз фаъолият ва корҳои эҷодии Шаҳноза Шарифзода, ки довталаб аз ноҳияи Шоҳмансур мебошад, дидан карданд. Бояд қайд кард, ки дар озмун мураббиёни муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Душанбе сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки на камтар аз 5 сол собиқаи корӣ доранд, иштирок карда метавонанд.
Тибқи низомномаи баргузории Озумни шаҳрии «Мураббии сол» аз ҳар як довталаб дастовардҳо дар ташаккули тафаккури техникии кӯдакон (намоиши корҳо ва иҷрои корҳои амалии мураббию кӯдакон), сатҳи компютердонии мураббӣ, навоварӣ дар тарбияи эстетикӣ, қоидаҳои рафтору одоб, ҳурмату иззати калонсолон, муносибат ба сарватҳои табиӣ ва дигар шартҳо санҷида мешавад.
Аз ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба Озмуни шаҳрии «Мураббии сол-2022» мураббии Ширхоргоҳ-кӯдакистони рақами 4 - Шоира Камолова пешниҳод гардид. Аз кор ва намоиши эҷодӣ, тарзи машғлуятгузарӣ бо кӯдакон ва санҷиши хотираи биноӣ, шунавоӣ, захираи луғавии кӯдакон ҳайати комиссия дидан карданд. То ин муддат озмун дар 2 давр даври якум (дохили муассисаи таълимӣ) ва даври дуюм (ноҳиявӣ) доир гардида буд. Дар баробари ин ҳар як довталаб бояд санадҳои ҳуқуқӣ-меъёрӣ оид ба муассисаҳои таълимии томактабӣ ва тарзи татбиқи талаботи ҳуҷҷатҳои мазкур дар фаъолияти онҳо, талаботҳои Барномаи тарбия, таълим ва инкишофи кӯдакони синнии томактабии «Рангинкамон» ва амалӣ гардонидани он дар фаъолияти худ, забони давлатӣ ва кор бо компютерро донанд.
Тибқи тартиб даври шаҳрии озмуни “Мураббии сол-2022” рӯзҳои 12-14 декабр пешбинӣ гардид. Рӯзҳои 12-13 декабр довталабон дар кӯдакистонҳо машғулият мегузаронанд ва дар рӯзи 14 декабр қисмати назариявӣ, саволу ҷавоб оид ба ихтисос, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳа, кор бо компютер гузаронида мешавад.
Дар даври ноҳиявии озмуни “Мураббии сол-2022” дар ноҳияи И.Сомонӣ 7 нафар, ноҳияи Шоҳмансур 6 нафар, ноҳияи Фирдавсӣ 14 нафар ва ноҳияи Сино 12 нафар дар маҷмуъ 39 нафар мураббӣ иштирок намуданд.
Бояд қайд кард, ки комиссияҳои ноҳиявии озмун барои иштироки довталабон дар даври сеюм дар баробари ҳуҷҷатҳои номбурда қарори ҳайати комиссияи ноҳиявӣ оид ба ғолиби Озмун ва маълумотномаи ин комиссияро дар бораи фаъолияти довталабон бо нишон додани хулосаи комиссия баъд аз 10 рӯзи баргузории даври дуюми Озмун ба Комиссияи шаҳрии озмун пешниҳод намудаанд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ