Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба иҷроиши «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026»
Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба иҷроиши «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» мавриди натиҷагирӣ қарор гирифт.
Дар кори он намояндагон аз вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, корҳои дохилӣ, рушди иқтисод ва савдо ва кумитаву сохторҳои дахлдор иштирок ва суханронӣ намуданд.
Чорабинии навбатие, ки оид ба иҷроиши «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» доир гардид, нахуст муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, иброз намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти муҳимияти амалисозии ташвиқот оид ба ташаккуллӣ тарзи ҳаёти солим, таҳкими саломати ва пешгирии бемориҳо дар байни аҳолӣ, аз замони ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ давра ба давра ба раванди таъмини тарзи ҳаёти солим дар кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои рушди он марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим дар сатҳҳои вилоятӣ ва минтақавӣ, маркази маъмурӣ дар шаҳри Душанбе, зинаҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, ҳуҷраҳои ноҳиявии маркази тарзи ҳаёти солим ташкил намудааст, ки то ҳол онҳо фаъолият намуда истодаанд.
Бояд гуфт, ки мақсади «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ин пеш аз ҳама беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат, саривақтӣ ва баландихтиссоси тиббӣ ва дастрасии аҳолӣ ба манбаъҳои иттилооти босифат ва саҳеҳ оид ба фарҳанги рафтор, пешгирии беморихои ғайрисироятӣ ва сироятӣ, қабул намудани намунаҳои бехатарии рафтор, таҳкими ҳисси масъулияти ҳар як фард барои солимии худ ва атрофиён мебошад.
Дар идома, иштирокдорон вобаста бемориҳои мавсимӣ сухан карда қайд намуданд, ки дар ҳама ҳолат марказҳои болозикрро мебояд бо аҳолӣ ҳамкориро боз ҳам зич ба роҳ монда, паваста ба сокинони кишвар бобати беаҳамият набуданашон дар мавсими сармо суҳбату мулоқотҳои судманд доир намоянд.
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ