Ифтитоҳи намоишгоҳи даҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе»
Имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Намоишгоҳи даҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор гардид.
Намоишгоҳи мазкур бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар он ноширони муваффақи ватаниву хориҷӣ китобҳои тозанашри хешро пешниҳоди дӯстдорону муштоқон ва аҳли фарҳангу маънӣ гардониданд. Инчунин намояндагони сафоратҳои муқими Тоҷикистон китобҳои нависандагону шоирони хешро пешниҳод намуданд.
Меҳмонони намоишгоҳро дар саҳни театр бо садои карнаю сурнай пешвоз гирифтанд. Зимни ифтитоҳи намоишгоҳ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, ки бо мусоидат ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2010 инҷониб ҳамасола баргузории намоишгоҳҳои байналмилалии китоб дар шаҳри Душанбе ба ҳукми анъана даромадааст. Солҳои гузашта намоишгоҳи мазкур бахшида ба Рӯзи китоб, ки ҳамасола дар Тоҷикистон 4 сентябр баргузор мешавад, доир мешуд. Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат таваҷҷуҳ ба китобу китобдорӣ зиёд гардида, бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин анъанаи неки ниёгон – эҳтироми китобу китобхонӣ идома ёфта, дар ин ҷода як зумра корҳои намоён анҷом пазируфтанд. Аз ҷумлаи онҳо баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст…» мебошад, ки он дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар сатҳи баланд баргузор гардида истодааст. Мардуми тоҷик аз қадим китобдӯст буда, ба он арҷ мегузошт ва ин анъанаи неки ниёгон то ба ин рӯз побарҷо мондааст.
Дар намоишгоҳ қариб 50 корхонаҳои табъу нашр ва ташкилоту муассисаҳои ватаниву хориҷӣ ширкат варзида, зиёда аз сӣ ҳазор китобҳои тозанашр ба маъраз гузошта шуданд. Мавриди зикр аст, ки бо мусоидат ва дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2010 инҷониб ҳамасола баргузории намоишгоҳҳои байналмилалии китоб дар пойтахти мамлакат бахшида ба Рӯзи китоб ба ҳукми анъана даромадааст. Ин иқдоми накӯ аз ҷониби мақомоти олии ҷумҳурӣ, кулли фарҳангиён ва аҳли ҷомеа хуш пазируфта мешавад ва дар таҳкиму густариши равобити фарҳангии Тоҷикистон бо мамолики бо мо дӯсту қарину бародар нақши созгор мебозанд. Дар доираи баргузории Намоишгоҳи даҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» як зумра барномаҳо, аз ҷумла маҳфили шеъру суруд дар васфи китоб бо иштироки ҳунарпешагони театрҳо, толибилмони макотиби таҳсилоти умумӣ ва тарбиятгирандагони Филармонияи бачагонаи Тоҷикистон дар назар аст.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ