image

Сафари мутахассисони ҷавон

date_range14.12.2022, 16:00 chat_bubble_outline0 remove_red_eye227

Имрӯзҳо бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳайати эҷодиву техникии Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” иборат аз 10 нафар мутахассисони ҷавон дар доираи "Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳокимияти шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ гуманитарӣ" аз 9 марти соли 2018 бо мақсади табодули таҷриба ва баланд бардоштани савияи касбӣ бо сафари хидматӣ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор дорад.

Тибқи барномаи сафар ҳайати Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” бо фаъолияти якчанд шабакаҳои телевизионии Ҷумҳурии Узбекистон шиносоӣ пайдо намуда, бо истифода аз фанновариҳои нави соҳавӣ савияи касбии хешро баланд мебардоранд.

Дар ин замина мутахассисони ҷавон рӯзи 13 декабр бо роҳбарияти шабакаи телевизионии «Севемли ТВ» мулоқот анҷом дода, ҳамчунин бо муҳаррирон ва кормандони техникӣ табодули таҷриба намуданд. Дар баробари ин бо имкониятҳои техникӣ, студияҳои сабт ва тарзу усулҳои корбасти барномаҳо шиносоӣ пайдо карданд.

Дар доираи сафар рӯзи 14 декабр шиносоии ҳайати мутахассисони ҷавон бо фаъолияти шабакаҳои телевизионии “UZ REPORT TV” ва “ФТВ” сурат гирифт. Сафар то рӯзи 17 декабр идома ёфта, ҳамчунин шиносоӣ бо фаъолияти шабакаҳои дигари телевизионии давлативу хусусӣ аз қабили “Узбекистон-24”, “Ташкент”, “Зор ТВ”, ”Уз HD” ва чанде дигар ба нақша гирифта шудааст.