image

Барномаи омӯзишӣ доир ба содирот ва тиҷорати байналмилалӣ барои соҳибкории хурд ва миёна

date_range15.12.2022, 12:43 chat_bubble_outline0 remove_red_eye240

Аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Барномаи таълимӣ доир ба содирот ва тиҷорати байналмилалӣ барои соҳибкории хурд ва миёна роҳандозӣ шуд, ки дар он ҳам рӯзномагигорон ва ҳам соҳибкорон аз ин барномаи таълимӣ баҳравар гардиданд. Лоиҳаи Рейди фо Трэйди Осиёи Марказӣ Пуштибонии рушди фарогир таввасути тиҷорат ва рақамисозӣ ба содироткунандагон дарсҳои ройгон пешниҳод намуд.

Ҳамакнун, ҷомеаи тиҷорати Тоҷикистон ба дарсҳои ройгони ин Барномаи омӯзишии мудирияти тиҷорати фаромарзӣ дастрасӣ пайдо карданд ва метавонанд донишҳои худро доир ба мавзӯҳои гуногун, сар карда аз қоидаҳои тиҷорати байналмилалӣ то ба раванди содирот, роҳҳои транзитӣ, меъёрҳои сифат ва мутобиқат, инчунин талаботи вижаи бозори Иттиҳоди Аврупо тақвият диҳанд. Дарсҳоро тренерҳои палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо ёрии Маркази тиҷорати байналмиллалӣ мегузаронанд ва аллакай аз моҳи июли соли равон шуруъ гардида, бархе аз содироткунандагон аз қисматҳои гуногуни Тоҷикистон аз ин дарсҳо баҳра бардоштаанд. Иловатан, дарсҳои онлайнӣ дар пойгоҳи омӯзишии ройгон дастрас буда, пас аз хатми онҳо гувоҳномаҳо дода мешавад.

Корхонаҳои хурду миёна тавассути ин дарсҳо бо имкониятҳои мавҷуда ва нави вуруд ба бозорҳои хориҷӣ шинос мешаванд ва онҳое, ки аллакай дар ин бозорҳо ҳозиранд, метавонанд мавқеъи худро тақвият бахшанд.

Дарсҳои ройгони ин Барномаи омӯзишии мудирияти тиҷорати фаромарзӣ – донишҳои саривақтӣ доир ба тарзи ба роҳ мондани раванди содирот ба ширкатҳои Тоҷикистон ҷиҳати пешбарии фаъолияти берунаи иқтисодӣ кӯмаки қобили мулоҳиза мерасонад. Ин дарсҳо асосҳои тиҷорати фаромарзӣ ва содирот ба бозорҳои берунаро ёд медиҳанд. Тоҷирони мо метавонанд донишҳои худро дар ин самт тақвият бахшанд.

Ҳадаф аз роҳандозии ин ибтикор боло бардоштани сатҳи дониш ва огоҳӣ аз имкониятҳои нави содиротӣ мебошад, ки метавонад фаъолияти соҳибкорон махсусан соҳибкорони занро дар Тоҷикистон ба сатҳи нав бардорад. Таҳияи барномаи омӯзиши мазкур бо назардошти тағйироти саросарӣ дар ҷаҳон ва пайдоиши роҳҳои нави тиҷоратӣ сурат гирифтаанд. Мисолҳои мушаххас ва воқеъие, ки дар дарсҳо оварда шудаанд, ба соҳибкорони тоҷик, ки ин дарсҳоро хатм мекунанд, имкон медиҳанд, то ба содироти маҳсулоташон ба бозорҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ беҳтар омодагӣ бинанд.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"