Мулоқоти намояндагони МИҲД-и ноҳияи Фирдавсӣ бо сокинону истиқоматкунандагони маҳаллаҳои Чимтеппа, Қаҳрамон, Ҳосилот 1 ва Дарёбод оид ба пешгирӣ аз фарҳанги бегона
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ оид ба баргузор намудани суҳбату мулоқотҳои судманд бо сокинону истиқоматкунандагони маҳаллаҳое, ки аз ноҳияи Рӯдакӣ ба ноҳияи Фирдавсӣ ворид гардидаанд, ин навбат масъулин мулоқоти навбатии хешро бо сокинони маҳаллаҳои Чимтеппа, Қаҳрамон, Ҳосилот 1 ва Дарёбод доир намуданд.
Таълиму тарбияи дурусти фарзандон, маданияти шаҳрнишинӣ, риояи қонуну қарорҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҶТ”, пешгирии хурофотпарастӣ, фарҳанги бегона, пешгирии ҷалби ҷавонон ба ҳар ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва сафарбар намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ аз мавзӯҳое буданд, ки дар мулоқоти навбатии намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ бо сокинону иститоқамткунандагони маҳаллаҳои Чимтеппа, Қаҳрамон, Ҳосилот 1 ва Дарёбод, ки аз ноҳияи Рӯдакӣ тоза ба ноҳияи Фирдавсӣ ворид гардиданд матраҳ гардид.
Дар мулоқот иброз гашт, ки ҳар як сокини кишварро зарур аст, бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар татбиқи ҳамаҷонибаи Қонунҳои қабулгардида саҳмгузор бошанд. Падидаҳои номатлубе, ки ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст ин рӯз аз рӯз авҷ гирифтани гурӯҳҳои ифротгаро мебошанд, ки бештар ҷавононро ба ин роҳ мебаранд. Дар ин замина бо такя ба суханҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид, ки ҳар сокинони бомаърифати кишвар алалхусус ҷавононро мебояд пеш аз ҳама зиракии сиёсиро аз даст надода, ба ҳар гуна гурӯҳҳо шомил нагардад ва бо масъулияти баланд барои ояндаи хеш саҳми арзанда гузорад.
Зимни маърӯзаи навбатии хеш раиси ноҳияи Фирдавсӣ сухан карда иброз дошт, ки самараи неки Истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Бояд аз ин ифтихор намоему барои боз ҳам машҳуртар гардидани кишвар кӯшишу талош дошта бошем.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ