image

Даври ноҳиявии Озмуни «Китобхонаи беҳтарин» ҷамъбаст гардид

date_range16.12.2022, 10:25 chat_bubble_outline0 remove_red_eye270

Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ миёни вазорату кумита, ташкилоту муассиса ва шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия даври ноҳиявии Озмуни «Китобхонаи беҳтарин» гузаронида шуд.

Бо мақсади рушди устувори китобхонаҳо, таҳкими заминаҳои моддиву техникии онҳо, рушду тавсеа, истифодаву корбурди китоб дар оила, ташкилоту муассисаҳо, корхонаву идораҳои давлативу ҷамъиятӣ, ҷалби мутахассисони соҳаи китобдорӣ ба китобхонаҳо, тақвияти зеҳниву маънавии сокинони пойтахт ва ҷалби онҳо ба озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар робита ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2019 зикр гардиданд Қарори Раиси шаҳри Душанбе, дар бораи баргузор намудани озмуни «Китобхонаи беҳтарин» дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст.

Дар асоси ин Қарор ҳамасола дар шаҳри Душанбе озмуни «Китобхонаи беҳтарин» дар сатҳи баланд баргузор карда мешавад. Мувофиқ ба нишондоди Қарори мазкур дар ноҳияи Фирдавсӣ аз ҷониби Бахши фарҳанг даври ноҳиявии озмун ташкилу баргузор гардид. 

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"