image

Даври шаҳрии Озмуни омӯзгори сол-2022 оғоз гардид

date_range16.12.2022, 10:57 chat_bubble_outline0 remove_red_eye353

Рӯзи 15-уми декабр даври шаҳрии Озмуни «Омӯзгори сол 2022» оғоз гардид ва ҳайати ҳакамони озмун дар Муассисаи давлатии таълимии Гимназияи ба номи Асадулло Ғуломови ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз маҳорату малакаи касбии омӯзгори фанни забони англисии ин муассисаи таълимӣ Фарангис Одиева дидан карданд.

Гуфта мешавад, ки даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол 2022» бо мақсади ошкор ва дарёфти омӯзгорони боистеъдод, навовар ва эҷодкор аз рӯи фанҳои ихтисосӣ, қадрдонии меҳнати омӯзгорон ва баланд бардоштани мақому манзалати онҳо дар ҷомеа, рушди маҳорати касбии омӯзгорони фаннӣ ва тарғиби таҷрибаи пешқадами омӯзгорони беҳтарини фаннӣ баргузор мегардад.

Дар асоси низомномаи даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол 2022» дар озмун омӯзгорони фаннӣ, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият фаъолият доранд иштирок карда метавонанд. Маврид ба зикр аст, ки озмуни «Омӯзгори сол 2022» аз рӯи фанҳои ихтисосӣ дар чор давр-даври аввал-дар муассисаи таҳсилоти миёна, даври дуюм ноҳиявӣ, даври сеюм-шаҳрӣ ва даври чорум-ҷумҳуриявӣ доир мегардад.

Комиссияи даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол 2022» ба Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 55-и ноҳияи Шоҳмансур ташриф оварда, аз маҳорати омӯзгории ғолиби даври ноҳиявии озмун аз ноҳияи Шоҳмансури пойтахт–омӯзгори фанни физика Абдусалом Назаров дидан карданд.

Дар асоси Низомномаи озмун маҳорату малакаи ҳар як омӯзгор аз рӯи шартҳои дарси намунавӣ аз рӯи фанҳои ихтисосӣ (45 дақиқа), муаррифии таҷрибаи корӣ (дар доираи 20 дақиқа), таҳлили дарс (дар доираи 10 дақиқа), маҷлиси падару модарон (дар доираи 20 дақиқа), соати тарбиявӣ (20 дақиқа), ҷавоби дуруст ба 10 савол, кор бо компютер ва тахтаи электронӣ дар дарсҳои фанҳои ихтисосӣ ва ҳалли муаммоҳои педагогӣ-психологӣ санҷида мешаванд.

Озмун давоми ду рӯз дар муассисаҳои таълимии ғолибони даври ноҳиявии озмун баргузор гардида, ҳакамон аз маҳорату малакаи омӯзгорон дидан карда, сипас баъд аз хулосаи ниҳоии аъзои Комиссияи даври шаҳрии озмун беҳтарин омӯзгор аз шаҳри Душанбе ба даври ҷумҳуриявии озмун пешниҳод карда мешавад.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"