Дар Душанбе Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.
Аъзои Маҷлиси миллӣ дар оғоз қарорҳои дахлдорро оид ба интихоби котибот, тасдиқи рӯзномаи иҷлосия иборат аз 40 масъала қабул ва бо тартиби муқарраргардида ба баррасии онҳо шурӯъ намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки 26 августи соли 2022 ҷаласаҳои якҷояи Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои он ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда доир гардид.
Дар натиҷаи интихоботи баргузоршуда номзадҳо Мирзонабот Алишер, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1 ва Исматзода Азизулло, раиси ноҳияи Рӯдакӣ, дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5 бо гирифтани аксари овози вакилони интихобкунанда аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб шуда, бо Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 августи соли 2022 ваколатҳои онҳо тасдиқ карда шуд.
Тибқи муқаррарот аъзои тозаинтихоби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзонабот Алишер ва Исматзода Азизулло дар вазъияти ботантана ба халқи Тоҷикистон савганд ёд карданд.
Дар робита ба тағйироти дар ҳайати Маҷлиси миллӣ баамаломада, нахуст аъзои Маҷлиси миллӣ қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Мирзонабот А.Х.» ва «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия интихоб намудани Исматзода А.У.» қабул карданд.
Сипас, тибқи рӯзномаи иҷлосия раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Дилшод, Ҳакимзода Қурбон, Гулзода Маҳмадшоҳ, Ҷумъазода Шарифҷон ва Раҳимӣ Фарҳод хулосаҳои кумитаҳои соҳавиро нисбат ба қонунҳои баррасишаванда манзур намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси миллӣ Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси мадании Ҷумхурии Тоҷикистон, инчунин қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», «Дар бораи савдои электронӣ», «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ» ва «Дар бораи қарзи давлатӣ ва қарзи аз ҷониби давлат кафолатдодашуда», ки дар шакли мукаммал қабул ва пешниҳод гардидаанд, баррасӣ шуданд.
Ҳамчунин аъзои Маҷлиси миллӣ нисбат ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҷиноятӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, мурофиавии гражданӣ, мурофиавии иқтисодӣ, гумрук, фазои ҳавоӣ ва андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ва дигар қонунҳое, ки ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба қонунгузорӣ пешбинӣ менамоянд, ҷонибдории худро изҳор карданд.
Тибқи рӯзномаи иҷлосияи дувоздаҳум бо пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Идрисзода Балаҷон Алиҷон судяи Суди конститутсиони Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб, Азизӣ Шамс Одина ва Қодирзода Тоҳир Қамар аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мирзозода Парвиз Таваккал аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд карда шуда, дар ин хусус қарорҳои дахлдори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд. Инчунин дар асоси пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Маҷлиси миллӣ дар ноҳияи Лахш номи деҳаи Ҷиргатоли деҳоти Ҷиргатол ба деҳаи Сариосиёб ва деҳоти Ҷиргатол ба деҳоти Наврӯз иваз карда шуданд.
Тибқи рӯзномаи иҷлосия ҳамчунин сметаи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 ва басти вазифаҳои Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардиданд.
Зикр бояд кард, ки аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хушхабарро дар хусуси қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони соли 2025 ҳамчун соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бо хушнудӣ қабул карданд.
Бо ифтихору фараҳмандӣ зикр гардид, ки дар асоси ин қатънома, пешниҳодҳои башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, инчунин дар назди Созмони Милали Муттаҳид таъсис додани Хазинаи байналмилалии мақсадноки эътимод ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтанд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани чорабиниҳои марбут ба ин рӯйдоди таърихӣ ва муҳим, инчунин дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе дар назди аъзои Маҷлиси миллӣ вазифагузорӣ намуданд.
Ҳамзамон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо натиҷагирӣ аз кори иҷлосияи навбатии Маҷлиси миллӣ ва ҷамъбасти соли 2022, ба аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, таҳкими пояҳои ҳуқуқии давлат, таъмини волоияти қонун, инчунин баҳри боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар, пешрафту тараққиёти давлати соҳибистиқлол ва ободии Ватани маҳбубамон сафарбар намудани саъю талоши худ, дастуру супоришҳо доданд.
Дар фарҷом, муҳтарам Рустами Эмомалӣ аъзои Маҷлиси миллӣ ва кулли сокинони кишварро бо фарорасии соли нави мелодии 2023 самимона табрик гуфта, барои онҳо рӯзгори босаодат, иқболи баланд, файзу баракати зиндагӣ ва ба Тоҷикистони азизамон ояндаи ободу осуда орзу намуданд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ