image

Маросими ҷоизасупории ғолибони даври дуюми Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Исмоили Сомонӣ

date_range16.12.2022, 18:38 chat_bubble_outline0 remove_red_eye202

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маорифи ноҳия ва бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ» дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ маросими ҷоизасупории ғолибони даври дуюми (ноҳиявӣ) Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ ба 158 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия, ки сазовори ҷойи аввал гардидаанд медали тиллои даври ноҳиявии Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуд.

Ҳамзамон бо ин тӯҳфаҳои идонаи солинавӣ аз номи раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Самӣ Шариф ба ғолибон супорида шуд. Хонандагоне ки сазовори ҷойҳои дуюм ва сеюм гардидаанд, онҳо низ дар вазъияти тантанавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии худ бо медал ва дипломи Муассисаи давлатии Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"