image

ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ “САФОИ ХОНАДОН”

date_range17.12.2022, 14:43 chat_bubble_outline0 remove_red_eye288

ш.Душанбе. 16.12.2022. Имрӯз бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 9 марти соли 2022, №88 «Дар бораи рафти иҷрои «Барномаи давлатии маҷмӯи рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва қарори Раиси шаҳри Душанбе №443, аз 22 августи соли 2022 «Дар бораи баргузор намудани озмуни шаҳрии «Сафои хонадон» дар самти тарбия ва баланд бардоштани маърифати экологӣ дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид. 

   Даври аввал аз рӯи Низомномаи озмун, дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардида, ғолибони зинаҳои ифтихорӣ ба Комиссияи шаҳрӣ пешниҳод гардида, аз ҷониби аъзои комиссия вазъи кунунии манзили истиқоматӣ, ҳолати биноҳои гирду атрофи манзили истиқоматӣ, ободонӣ, сафед кардани биноҳои истиқоматӣ, кабудизоркунии назди бинои истиқоматӣ, нигоҳ доштани ҳолати тозагии манзили истиқоматӣ, ҳолати нашъунамо, тозагии мавзеъҳо ва гулкорию сабзкорӣ, робитаи оила бо муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ, дар шаҳраку маҳаллаҳои истиқоматӣ ҷойдошта, иштирок дар озмуну чорабиниҳо, саривақт пардохт кардани хаққи хизматрасониҳои коммуналӣ ва риояи фарҳанги шаҳрнишинӣ санҷида шуда, комиссия ба хулоса омад;

- Миршарифзода Миралӣ, истиқоматкунандаи ноҳияи Сино, кӯчаи Ҳисор, хонаи 3/5, сазовори ҷойи якум;

- Урунова Фирӯза, истиқоматкунандаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, маҳаллаи Гулистон, к. Ҳамза Ҳакимзода, сазовори ҷойи дуюм;

- Дӯстмуродова Кокул, истиқоматкунандаи ноҳияи Шоҳмансур, маҳаллаи Гулистон, хонаи 117, сазовори ҷойи сеюм дониста шуданд.

   Инчунин пешниҳод гардид, ки истиқоматкунандаи ноҳияи Фирдавсӣ, Абдумансуров Қаюмҷон, истиқоматкунандаи маҳаллаи Яккатут, хонаи 164 барои саҳм гузоштан дар корҳои ободнию сабзкорӣ ва иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ сазовори ҷойи чорум дониста шуд ва бо туҳфа диплом бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим сарфароз гардонида шуданд.

   Дигар иштирокчиён низ бо сипоснома ва туҳфаҳои таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, барои иштироки фаъолона дар озмун қадрдонӣ гардиданд.