image

Ҳамоиши ҳизбиён таҳти унвони "Эмомалӣ Раҳмон - ташаббускори масоили об дар ҷаҳон"

date_range17.12.2022, 14:55 chat_bubble_outline0 remove_red_eye510

Бо ташаббуси кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хдар шаҳри Душанбе, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон "Созандагони Ватан" дар пойтахт ҳамоиши ҳизбиён таҳти унвони "Эмомалӣ Раҳмон - ташаббускори масоили об дар ҷаҳон" дар ҳамовозӣ ба қабули қатъномаи Маҷмааи умумии СММ баргузор гардид.

Сарраввал, ҳозирин бо тақсими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон аз боғи устод Рӯдакӣ то Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур рафтанд.

Идомаи ҳамоиш, дар толори Донишгоҳи аграрӣ ҷараён гирифт, ки масъулин доир ба мавзӯи ҳамоиш андешаронӣ карданд.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"