image

Ифтихори мо

date_range19.12.2022, 10:51 chat_bubble_outline0 remove_red_eye360

Душанбе ҳамчун пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол давоми чанд соли охир торафт ободу зебо гардида, ба як шаҳри муосиру пешрафта ва дорои инфрасохтори зарурӣ табдил меёбад. Ва ҳамаи ин дастовардҳои назаррас дар партави дастуру ҳидоятҳои раҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои содиқонаву навҷӯиҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ руйи кор омадааст. Натиҷаи ҳамин тозакориҳост, ки имрӯз пойтахти азизи мо симои худро ба куллӣ дигар карда, ба макони писандидаи сокинону меҳмонони хориҷӣ мубаддал гаштааст.

Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” бо арзи эҳтиром дар ин Рӯзи фархунда ба Шумо муҳтарам Рустами Эмомалӣ саломатӣ, сарбаландӣ, саодати рӯзгор ва дар иҷрои вазифаҳои муҳими давлатӣ муваффақиятҳои беназир таманно дорад!

Зодрӯз муборак, муҳтарам Раис, мо бо Шумо ифтихор дорем!