image

Нақши Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои экологӣ бо ҳадафи рушди устувор ва таъмини амнияти экологӣ

date_range19.12.2022, 14:20 chat_bubble_outline0 remove_red_eye317

Нақши Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои экологӣ бо ҳадафи рушди устувор ва таъмини амнияти экологӣ. Дар баробари дигар пешниҳодҳои Пешвои миллат, ки пайваста аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгири меёбад. Ин навбат Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025-Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард.

Дар доираи ин пешниҳод дар Донишгоҳи байналмилаии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо иштироки устодону донишҷӯён ва коршиносони соҳа таҳти унвони «Нақши Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои экологӣ бо ҳадафи рушди устувор ва таъмини амнияти экологӣ» ҳамоиши илмӣ-амалӣ байналмилалӣ доир гардид.

Дар ҷаҳони муосир яке аз масъалаҳои муҳим ин ҳифзи муҳити зист ба ҳисоб меравад, зеро он шарт ва заминаи асосии таъминкунандаи ҳаёти наслҳои ояндаи инсониятро ташкил медиҳад. Вобаста ба ин дар фазои муносибатҳои экологӣ тамоми мушкилоти мавҷуда ба самтҳои алоҳида таснифбандӣ гардидаанд. Миёни мушкилот ва муаммоҳои экологии замони муосир масъалаи обшавии пиряхҳо, ки ҳамчун захираи бунёдии оби ошомидании тоза баромад менамояд, ба мушкилоти рақами якуми ҷомеаи башарӣ табдил ёфтааст. Ин нуқта зикр гардид зимни ҳамоиши илмӣ-амалии байналмилалӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон. Масъулини донишгоҳ қайд намуданд, ки ҷамъомади навбатӣ аз ҷумлаи тадбирҳои илмие мебошад, ки мақсади он пайгирии яке аз масъалаҳои муҳими глобалӣ, яъне таъмини беҳдошти экологӣ дар ҷаҳони имрӯза мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки солҳои охир ҷомеаи ҷаҳониро бемориҳои гуногуни марбут ба вазъи ногувори муҳити зист нигарон намудааст. Дар ин росто, ҳатто табибон барои сиҳатии одамон савганд ёд кардаанд, ҷоиз мондаанд. Онҳо қисмати зиёди бемориҳои ҷахониро марбут ба муҳити зист ва олудагии боду хаво, танқисӣ аз оби ошомидании тоза ва тағйирёбии иқлим арзёбӣ менамоянд. Дар ин росто Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои беҳдошти экологии минтака ва ҷаҳон, хусусан дар масъалаҳои вобаста ба об, ки таъмини беҳдошти экологӣ ва сиҳатии омма ба он ҳамбастагӣ дорад, пешсаф буда, талошҳои пайвастаи Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тариқи Созмони Милали Мутаҳид бо дастгирии кишварҳои ҷаҳон ҳамовозӣ пайдо мекунад.

Азбаски чорабинии навбатӣ дар сатҳи байналмилалӣ доир гардида буд, коршиносони хориҷӣ низ тариқи маҷозӣ дар ин ҷамъомад иштирок намуда ақидаи хешро ҷиҳати пешниҳоди навбатии ҷониби Тоҷикистон дар самти ин мушкилоти глобалӣ баён доштанд.

Бояд қайд намоем, ки айни ҳол Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор дар масъалаҳои экологӣ ва об ба хубӣ мешиносанд ва эътироф мекунанд. Ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри муҳофизати муҳити зист ва таъмини аҳолии ҷаҳон бо оби тозаву ошомиданӣ омӯзанда ва шоистаи таҳсин мебошад.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"