image

Корҳои фаҳмондадиҳӣ ба хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби кормандони БДА

date_range20.12.2022, 11:50 chat_bubble_outline0 remove_red_eye270

Аз ҷониби нозирони Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобили Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҶумҳурииТоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар муассисаҳои таълимии миёнаи умумии ш. Душанбе ва олии мамлакат чорабиниҳои мақсаднок пайваста доир карда мешаванд. Аз ҷумла, корҳои фаҳмондадиҳӣ бо хонандагони муассисаҳои миёнаи таълимӣ гузаронида мешавад, то ки хонандагон муқаррароти қонунҳоро риоя намоянд, зеро нисбати қоидаҳои ҳаракат дар роҳ бештар аз ҷониби хонандагони синфҳои поёнӣ зиёд ба назар мерасад. Чунин вохурӣ ин навбат дар Гимназияи ба номи Асадулло Ғуломови ноҳияи Исмоили Сомонӣ доир гардид.

Дар ҷараёни вохурии масъулони Шуъбаи БДА Раёсати вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Душанбе таъкид намуданд, ки падару модарон ҳангоми ба мактаб овардани фарзандонашон бояд воситаҳои налиёти худро тавре гузоранд, ки ба ҳаракати дигар автомобилҳо монеа эҷод накунанд. Инчунин баъзе воситаҳои нақлиёти кироя низ хонандагонро ба мактаб меоранд ва онҳо низ дар бархе маврид ба иштирокчиёни дигари ҳаракат дар роҳ халал мерасонанд. Аз ин рӯ дар вохӯрӣ масъулони сохторҳои марбута бештар ба ин самт таваҷҷӯҳ намуданд.

Гуфта шуд, ки дар сурати бартараф намудани чунин камбудиҳо аз ҷониби масъулони Шуъбаи БДА Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Душанбе чораҳои дахлдор андешида мешавад. Ин ҳама ба хотири бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон дар кучаву хиёбонҳои шаҳр роҳандозӣ мегардад.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"