Рӯнамоии Оркестри эстрадии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов
Шоми рӯзи 19-уми декабр дар толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ консерти рӯнамоии Оркестри эстрадии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов доир гашт, ки дар он донишҷӯён ва устодони ин муассисаи олии таълими маҳорату малакаи навозандагиву сарояндагии худро пешниҳоди алоқамандон гардониданд.
Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов соли 2003 дар заминаи ду факултет – иҷрокунандагӣ ва мусиқии тоҷик таъсис дода шуда, аз рӯи ихтисосҳои овозхони академӣ, дирижёри хор, созҳои оркестрӣ, фортепианои махсус, созҳои халқӣ, сарояндагони анъанавӣ, эстрадаву коргардони овоз ва мутахассисони дараҷаи олиро омода менамояд.
Ва инак, бори нахуст дар таърихи соҳибистиқлолии кишвари азизамон дар заминаи Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов Оркестри эстрадӣ таъсис дода шуд, ки ҳунармандони он аввалин барномаи консертии рангини худро дар толори Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ пешниҳоди дӯстдорони олами мусиқӣ гардониданд.
Дар чорабинӣ роҳбарият ва устодону донишҷӯёни Консерватория, сокинону меҳмонони пойтахт ва дигар алоқамандони соҳаи санъату ҳунар ширкат варзиданд. Бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати мамлакат ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Оркестри эстрадии Консерваторияи миллӣ бо асбобҳои муосири торӣ, нафасӣ ва зарбиву навозандагии хос ба оркестр таъмин гардид.
Дар айни замон дар ҳайати оркестр зиёда аз 10 нафар мутрибону мутахассисони ҷавон, ки донишҷӯи Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Саттров мебошанд ҷалб карда шудаанд. Ҳамзамон дар ин ҳайат устодони кордону пуртаҷрибаи консерватория низ шогирдони худро ҳамроҳӣ менамоянд. Роҳбарияти ин муассисаи олии таълимӣ аз рӯзҳои нахустини ба фаъолият оғоз кардан дар асоси ҳидоятҳои Сарвари давлат ба масъалаи эҳёи ромишгарону мутахассисон, ташаккули репертуари оркестр аз асарҳои композиторони Тоҷикистон ва классикаи ҷаҳонӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ карда, билохира Оркестри эстрадии хешро таъсис доданд.
Аҳли толор ба маҳорати ромишгарону сарояндагон баҳои баланд дода, роҳбарияти Консерватория барои таъмини фаъолияти беҳтари оркестр, аз ҷумла интихоб ва таълиму тарбияи кадрҳои ҷавону ояндадори соҳа ва саҳмгузорӣ дар тарбияи ҳисси ифтихору сарфарозии насли наврас аз фарҳанги миллии Тоҷикистон дастурҳои судбахш доданд.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ