image

БАРГУЗОРИИ МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРӢ БА ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ “ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ”

date_range20.12.2022, 23:39 chat_bubble_outline0 remove_red_eye315

ш.Душанбе. 20.12.2022. Имрӯз бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори Кохи Суруши пойтахт маросими бошукӯҳи ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе» доир гардид, ки дар он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, сохторҳои дастгоҳи Раиси шаҳр, вазорату идораҳо, иштирокчиёни озмуни мазкур ва ҳаводорони шеъру суруд ширкат намуданд.

   Дар оғоз муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим паёми шодбошии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо ба ғолибони озмун ироа карда, аз ҷумла қайд намуд, ки «Душанбеи навин бо азму талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба симои расмии Ватани азизамон мубаддал гардида, тӯли чанд соли охир таҳти сарварии шаҳрдори ҷавонаш муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба пойтахти арзандаи дорои инфрасохтори мувофиқу мосири шаҳрдориву шаҳрнишинї табдил ёфта, миёни пойтахт ва шаҳрҳои азими минтақа бо мақому манзалати миллӣ ҷойгоҳи шоистаи худро касб намуда, макони баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди сиёсиву иқтисодӣ, варзишӣ ва фарҳангиву маърифатӣ гардидааст. Барои ноил шудан ба ин мартаба инфрасохтори шаҳр пурра ҷавобгӯ буда, бунёди босуръати иншооти маъмуриву маишӣ, меҳмонхонаву тарабхонаҳо, боғҳои истироҳативу фароғатӣ, муассисаҳои маорифу фарҳанг ва тандурустӣ, қасру майдонҳои варзишӣ, роҳу пулҳои дохилишаҳрӣ, хизматрасонии мусоиди нақлиётї, гулгашту хиёбонҳои сабзу барҳаво ва пеш аз ҳама фазои амну осоишта ва муносибати неки шаҳриёронаш исботи ин гуфтаҳо буда, дар воқеъ шаҳри ифтихоромези ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ гардидааст, ки сазовору арзандаи васфу ситоиш дар қолаби шеъру таронаҳои мондагор мебошад.

    Қайд бояд кард, ки «Озмуни шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе» тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 22 августи соли 2022 таҳти №442 эълон гардида, он ба баланд бардоштани завқи бадеӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфт ва муаррифии чеҳраҳои нави суханвару сухандони дорои маҳорати баланди ровигию наттоқӣ, сарояндагию овозхонӣ, баланд бардоштани маҳорати иҷрокунандагӣ, ташаккули истеъдод ва ҳунари наврасону ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеа дар ин самтҳо, инчунин фароҳам овардани шароити мусоиди эҷод ва пешниҳоди шеър ва сурудҳои таҷассумкунандаи марҳилаи нави ободкориву созандагӣ ва рушди бемайлони пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе равона гардидааст. 

    Озмун байни хонандагону донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти иловагии соҳаи маориф, санъат ва мусиқии ҳудуди шаҳри Душанбе новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, эҷодкорони касбиву ҳаваскорон ва намояндагони дигар қишрҳои ҷомеа, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе зиндагӣ, кору фаъолият ва эҷод менамоянд, аз рӯйи номинатсияњои “Эҷоди шеъри беҳтарин дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе”, “Қироати беҳтарини шеър дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе”, “Иҷрои суруди беҳтарин дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе” ва “Иҷрои суруди беҳтарини гурӯҳӣ дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе” гузаронида шуда, дар он довталабон аз рӯи категорияҳои аз 11 сола то 17 сола, аз 18 сола боло ва эҷодкорони касбӣ ширкат намуданд.

   Зикр гардид, ки даври якуми озмун дар миёни қишрҳои ҷомеа ба таври оммавӣ баргузор гардида, дар даври дуюми (ноҳиявӣ) он 1278 нафар иштирок намуданд. Аз онҳо 160 нафар довталаб ба даври шаҳрӣ роҳхат пайдо намуда, 158 нафарашон дар сабқати ниҳоӣ ширкат варзида, 33 нафар аз рӯйи ҳамаи номинатсия ва бахшҳо ғолиб дониста шуданд.

   Дар идомаи чорабинӣ ғолибони озмуни шаҳрии “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе” бо ҷоизаҳои муқаррарнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар вазъияти тантанавӣ қадрдонӣ карда шуданд.

   Сипас, барномаи бошукӯҳи фарҳангии омодагардида иборат аз шеъру таронаҳои инъикосгари марҳилаи нави бунёдкориву созандагӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ғолибони озмуни шаҳрии “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе” манзур карда шуд, ки писанди ҳамагон гардид.