Дар шаҳри Душанбе даври шаҳрии озмуни “Хонандаи сол-2022” оғоз гардид
19 декабри соли 2022 ҷиҳати иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 16 апрели соли 2020, №265 “Дар бораи ташкил ва баргузории озмунҳои “Мураббии сол”, “Омӯзгори сол” ва “Хонандаи сол” дар шаҳри Душанбе” даври шаҳрии озмуни “Хонандаи сол-2022” оғоз гардид.
Қабл аз шуруъи даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол» ҳайати ҳакамон аз ҳисоботи эҷодӣ ва дастовардҳои довталабони давраи шаҳрии озмун дар Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе боздид карданд.
Дар даври шаҳрии озмун ғолибони даври ноҳиявӣ Заидова Розиямоҳ хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи И.Сомонӣ, Асророва Фархунда хонандаи синфи 10-и МТМУ №94-и ноҳияи Сино, Ҳамроева Самира хонандаи синфи 11-и МТМУ №16-и ноҳияи Шоҳмансур, Одинаев Иброҳим -хонандаи синфи 9-и Гимназияи №74-и ноҳияи Фирдавсӣ ва Сангинов Абдураҳим хонандаи синфи 10-и Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе иштирок менамоянд.
Тибқи тартиб озмуни “Хонандаи сол-2022” рӯзҳои 19-20 декабри соли 2022 дар Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” баргузор мегардад.
Шартҳои озмун дар қисмати аввал корҳои тестӣ ва қисмати дуюми рӯз корҳои хаттӣ аз фанҳои таълимӣ гузаронида шуд.
Дар баробари намоиши дастовардҳои иштирокчиён давоми соли таҳсил дар муассисаи таълимӣ ҳамзамон ҳисоботи эҷодии хонандагон низ яке аз шартҳои дигари озмуни шаҳрии “Хонандаи сол-2022” буд, ки аз ҷониби иштирокчиён иҷро карда шуд.
Тавре масъулин иброз медоранд, мақсади асосии баргузории озмуни мазкур миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ин дарёфти хонандагони болаёқату соҳибистеъдод дониста шуда, пас аз даври ноҳиявӣ ғолибон ба даври шаҳрӣ роҳхат меёбанд ва дар даври шаҳрӣ иштирок хоҳанд кард.
Боиси зикр аст, ки дар даври дохилимуассисавии озмуни “Хонандаи сол-2022” дар ноҳияи Сино 411 нафар, Шоҳмансур 259 нафар, И.Сомонӣ 218 нафар, Фирдавсӣ 332 нафар дар маҷмуъ 1220 нафар хонанда иштирок намуданд.
Дар даври ноҳиявии озмуни “Хонандаи сол-2022” дар ноҳияи Сино 33 нафар, Шоҳмансур 8 нафар, И.Сомонӣ 21 нафар, Фирдавсӣ 18 нафар дар маҷмуъ 80 нафар хонанда иштирок намуданд.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ