Мулоқоти Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино бо иштироки занону бонувони фаъол
Бо ибтикори Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар толори Маркази саломати шаҳрии рақами 2 бо иштироки занону бонувони фаъол чорабинии маърифатӣ - фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарияти шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, бахши фарҳанги ноҳия иштирок намуда, оид ба вусъат бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти пӯшидани либоси миллӣ суханронӣ намуда, зикр кард, ки бояд зани тоҷик дорои гуфтору рафтори шоиста, донишу маърифати арзанда, ахлоқу маънавиёти баланд бошанд ва ба либосу фарҳанги миллӣ арҷ гузоранд.
Ҳамзамон доир ба татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023», Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022, Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.
Таъкид гардид, ки пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ҳизбу созмонҳои террористию ифротгаро, тамоилҳои бегонапарастӣ, тақлид ба маданият ва тарзи либоспӯшии ба фарҳангӣ мо бегона ва ба ин васила тарбия намудани насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ мақсади асосии чунин ҳамоишҳо мебошад.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ