image

Маҳфили интихоби касб дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48-и ноҳияи Шоҳмансур

date_range21.12.2022, 13:22 chat_bubble_outline0 remove_red_eye356

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48-и ноҳияи Шоҳмансур маҳфили «Ҳунар омӯз к-аз ҳунармандӣ» доир карда шуд, ки дар кори он намояндагони Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии роҳнамои касбӣ»-и Агенти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва устодону хонанадагони муассиса иштирок намуданд.

Хонандагон бо созмон додани гӯшаи намоиши худ аз интихоби касб ва дастовардҳои худ ба аъзои ҳакамон иттилоъ доданд. Интихоби касб яке аз масъалаҳои муҳим аст, аз он сабабе, ки бо соҳиб шудани касбу ҳунар шахс дар оянда соҳиби ҷойи кор, музди меҳнат ва муҳимтар аз ҳама ҳурмату эҳтироми атрофиён мегардад. Тавре, ки коршиносони соҳа иттилоъ медиҳанд, интихоби касб бояд алакай аз синни хурдсолӣ оғоз ёбад ва барои ин аввал волидайн мусоидат намоянд.

Маврид ба зикр аст, ки маҳифли «Ҳунар омӯз к-аз ҳунармандӣ» дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48-и ноҳияи Шоҳмансур ҳамеша фаъол аст ва хонандагон бо истеъдод ва маҳорати доштаи худ дар озмуну мусобиқаҳои гуногун иштирок намуданд. Аз ҷумла соли равон хонандаи ин муассисаи таълимӣ дар даври ниҳои Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» аз рӯи номинатсияи Ихтироъкорӣ сазовори сипосномаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гардидааст.

Дар идомаи маҳфили «Ҳунар омӯз к-аз ҳунармандӣ» иштирокчиёни он дар толори калони муассиса аз барномаи омоданамудаи фарҳангии хонандагон дидан карданд. Шахсе, ки устувории пойдевори ҳаёти хешро меандешад, хамеша пайи омӯзиш аст. Мекӯшад хамеша чизеро омузад, ки боиси соҳибҳунар гардиданаш бошад. Ҳар як инсон дар зиндагӣ меъмори худ аст ва аз худ метавонад шахсияти бузург пайдо созад. Ин бузургӣ ба хираду дониши кас вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз амал кардани маҳифили «Ҳунар омӯз к-аз ҳунармандӣ» баҳри дар ояндаи соҳиби касби муносиб шудани хонандагони муассисаҳои таълимӣ мусоидат менамояд ва онҳо имкон доранд, дар оянда соҳиби касби арзанда бошанд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"