Рушди соҳаи энергетика дар тадбиқи ҳадафи чоруми миллӣ саноатикунонии босуръати кишвар
Ҳамасола санаи 22 декабр дар саросари кишвар Рӯзи энергетика таҷлил карда мешавад. Бахшида ба ин сана дар толори Шӯрои олимони Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе» бо иштироки устоду донишҷӯён таҳти унвони «Рушди соҳаи энергетика дар тадбиқи ҳадафи чоруми миллӣ саноатикунонии босуръати кишвар» мизи мудаввар баргузор гардид.
Чорабинии навбатии устодону донишҷӯёни Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе бо садо дани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Сипас масъулини Коллеҷи мазкур ҳамоишро ифтитох намуда, қайд карданд, ки шурӯъ аз соли 1936 ба муносибати рӯйдоди муҳими замон - баистифодадиҳии нахустин нерӯгоҳи барқи обии кишвар бо номи «Варзоби боло», ҳамасола санаи 22 декабр ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи энергетика таҷлил карда мешавад.
Гуфта шуд, ки дар замони муосир энергетика ба яке аз омилҳои муҳимтарине табдил ёфтааст, ки бидуни он рушди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ғайриимкон гардидааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин нуктаро ба инобат гирифта, ба даст овардани истиқлолияти энергетикии мамлакатро яке аз ҳадафҳои стратегӣ эълон намуд ва барои ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ тамоми тадбирҳои судмандро меандешанд.
Бояд гуфт, ки Ҳукумати мамлакат таъмини истиқлолияти энергетикиро яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар қарор дода, барои расидан ба он тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар намудааст.
Дар идома дигар иштирокдорон низ ба сухан баромада иброз намуданд, ки дар замони рушди босуръати саноат ва техникаву технологияи муосири ҷаҳонӣ эҳтиёҷ ба манбаъҳои энергияи барқароршаванда меафзояд, ки бартарияти мо дар ин самт захираҳои обӣ ва гидроэнергетикӣ мебошад.
Боиси зикри хос аст, ки Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе низ дар раванди татбиқи амалии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар самти таъмини истиқлолияти энергетикӣ саҳми арзишманди хешро мегузорад. Бо ин мақсад ҷиҳати омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳа, дар Коллеҷ омӯзгорон аз рӯи ихтисоси энергетика ва нақлиёти автомобилӣ мутахассис омода мекунанд.
Қиёмиддини Ҳомид
ТВ "Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ