image

Ҳамоиши ҷавонон таҳти унвони “Об ҳаёт аст, пиряхҳо сарчашмаи он” дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт

date_range22.12.2022, 09:41 chat_bubble_outline0 remove_red_eye224

Ҳанӯз моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз карда буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Бо дарназардошти ин, Президенти кишвар пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати тамаркуз кардан ба масъалаи мазкур дар сатҳи байналмилалӣ соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардида, Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад. Ҳамакнун 14-уми декабри соли ҷорӣ Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025-Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул намуд. Қатъномаи мазкур аҳамияти пиряхҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳоро ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор зикр намудааст.

Дар доираи ин Пешниҳодоти ҷониби Тоҷикистон бо ибтикорои мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ аз ҷониби бахши кор бо ҷавонони ноҳия таҳти унвони “Об ҳаёт аст, пиряхҳо сарчашмаи он” ҳамоиши ҷавонон доир карда шуд.

Зимни ҳамоиш иштирокдорон сухан карда қайд намуданд, ки дар ин санад таъкид шудааст, ки таъсири гармшавии глобалӣ боиси коҳиши густурдаи креосфера шудааст, ки дар натиҷа устуворӣ дар минтақаҳои баландкӯҳҳо кам шуда, миқдору мавсими маҷрои об ва захираҳои обро дар ҳавзаҳои дарёҳои барфу пиряхдор тағйир додааст. Ин омил ба паст шудани маҳсулоти маҳаллии кишоварзӣ, афзоиш ёфтани норасоии об ва баланд шудани сатҳи миёнаи баҳрӣ таъсир расонида истодааст.

Гуфта шуд, ки теъдоди зиёди ҳаммуаллифони қатъномаи мазкур бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми он барои ҳалли чолишҳои ҷаҳонӣ эътимод дорад.

Дар идома гуфта шуд, ки мо тоҷикон ифтихор аз он дорем, ки дар асоси ин қатънома пешниҳодҳои ироашудаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби кишварҳои узви СММ пайваста дастгирӣ меёбанд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"