Баргузории ҳамоиши ҷавонон оид ба ҳифзи пиряхҳо дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ
14 декабр Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Вобаста ба ин мавзуъ дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ҳамоиши бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ доир гардид.
«Тағйирёбии глобалии иқлим ба сифати яке аз мушкилоти муосир, пеш аз ҳама, ба ҳолати пиряхҳо, захираҳои барф ва об таъсири манфӣ мерасонад… Ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк мекунад, ки коҳиш ва харобшавии минбаъдаи манбаъҳои обҳои ошомиданӣ дар сайёра метавонад аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд. Аз ин лиҳоз, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ зарур меояд, ки барои ҳалли ин масоили глобалӣ ҳарчи зудтар чораҳои зарурии муштаракро таҳия ва татбиқ намояд», — изҳор доштанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии худ ба муносибати қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ. Мавриди ёдоварист, ки иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шудааст.
Ба андешаи коршиносони соҳа, қабул гардидани Қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» барои баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон ба ин масъала такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳоро муҳаққиқон қадами устуворе ҷиҳати суръат бахшидан ба баргузории экспедитсияҳо дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо ном мебаранд.
Ҳамзамон дар соли 2025 баргузор гардидани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе имконияти хубе барои муаррифии иқтидори илмӣ ва имконияти бунёдии Тоҷикистон дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо арзёбӣ мегардад.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ