image

Ифтитоҳи Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

date_range22.12.2022, 10:29 chat_bubble_outline0 remove_red_eye206

Имрӯз дар шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади омӯзиш ва тарғиби дастовардҳо ва шоҳкориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат ифтитоҳ гардида, ҳамзамон бо ҷалби муҳаққиқону пажӯҳишгарон ва таърихшиносон вобаста ба аҳамияти ташаббуси навбатии Тоҷикистон дар мавриди ҳифзи пиряхҳо ҳамоиши бошукуҳ баргузор гардид.

Муаррифии асарҳо бо саҳифаҳои таърихӣ ва шиносоии санаду эҷодиёти фахрӣ: дар Маркази илми таҳқиқотии Пешвои миллат дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шуруъ аз гӯшаҳои намоишӣ, имконоти пурғановати илмӣ ташкил гардидааст.

Дар ин замина имконоти омӯзиш, таҳқиқ ва муаррифии сиёсати илмӣ, мактаби давлатдорӣ барои муҳаққиқони ҷавон имконпазир шуд.

Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат, ки дорои махзани бойи таърихиву илмӣ мебошад, хушҳолии унвонҷӯёнро бештар кард, зеро имконоти илмии марказ, бо такя ба технологияи муосир бо осори нодиру пурарзиш фароҳам оварда шудааст.

Дар ин рӯз роҳҳои дастёбӣ ба музаффариятҳо, хосса равандҳои ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар бо ифтихор маънидод гардида, омӯзишу муаррифии айёми соҳибистиқлолӣ, ташаккули давлатдории миллӣ манфиатбахш арзёбӣ шуд.

Дар пайи омӯзиши шоҳкориҳо, ки ифтихороти куллиро ба вуҷуд овардааст, бо иштироки вакилони мардумӣ, муҳаққиқон ва олимону донишҷӯён оид ба пазируфташудани ташаббуси навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эълон намудани соли 2025 чун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҳамоиши бошукуҳ баргузор гардид.

Дар ин замина таъкид шуд, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҷаҳон бо ташаббусҳои оламгир ва созанда мешиносанд, ки ба ин васила номи Тоҷикистон ва миллати тоҷик низ шуҳратёр аст.

Бояд гуфт, ки иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон шудани соли 2025 чун соли ҳифзи пиряхҳо бо ҳамовозии 153 кишвари аъзои СММ пазируфта шуд. Қабули ин Қатънома дар МУСММ бесобиқа арзёби шуда, ҳам Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро муайян кард.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"