image

Чорабинии сиёсӣ бахшида ба “Соли нави мелодии 2023” дар Қисми низомии 02615-Г

date_range22.12.2022, 10:50 chat_bubble_outline0 remove_red_eye275

Дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бахшида ба “Соли нави мелодии 2023” дар қисми низомии 02-615 г-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сисёсӣ-ташкилӣ бо иштироки Мирзозода Иброҳим-Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, – намояндаи Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Ориёфар”, сардори раёсати корҳои сиёсӣ тарбияви Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва афсарону сарбозони қисми низомии мазкур ва ҷавонони фаъоли узви ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ доир гардид.

Нахуст, меҳмонон аз як рӯзи ҳаёти сарбозон ошно гардида, аз буду боши онҳо боздид намуданд.

Сипас, Мирзозода Иброҳим баромад намуда табрикоти Дастгоҳи Иҷроияи Марказии ҲХДТ- ро ба афсарону сарбозон расонида қайд намуд, ки мо дар партави сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам ободу зебо гардидани кишвари азизамон саъю талош менамоем. Қайд карда шуд, ки Даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.

Инчунин зикр гардид, ки Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи имрӯзаи пиряхҳои Тоҷикистон андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки вазъи ба ин монанд дар пиряхҳои Бадахшон низ ба вуҷуд омада истодааст. Сарвари давлат пиряхҳоро захираи асосии оби соф арзёбӣ карда, изҳор доштанд, ки обшавии бо суръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ доранд, метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад.

Дар ин робита сарвари давлат пешниҳод карданд, ки соли 2025-ум соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълонгардида, Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад.

Дар идома зимни баромади дигари иштирокчиён гуфта шуд, ки барои сарбозону афсарони мо имрӯз боиси ифтихор аст, ки дар Ватани худ адои хизмат мекунанд, падару модар аз ҳоли онҳо хабар мегиранд, сари чанд муддат ба дидорбинии пайвандон мераванд.

Дар фарҷом як қатор афсарону сарбозон барои хизматҳои софдилонаву содиқонаашон бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардиданд.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"