Конференсияи илмӣ-амалии «Вохӯрии се насл» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон
«Вохӯрии се насл» — таҳти чунин унвон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалӣ доир шуд, ки дар он ҷараёни амалишавии «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» баррасӣ гардид. Чорабинии мазкур бо ташаббуси Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардид.
Зимни ифтитоҳи ҳамоиш муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода иброз дошт, ки «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» бо мақсади пурзӯр намудани механизмҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, бахусус омилҳои зӯроварӣ дар оила, бақайдгирии огоҳкунии инфиродӣ оид ба масъалаҳои роҳ надодан ба ҳаракатҳои зиддиҷамъиятӣ тасдиқ гардидааст.
Дар ҳамоиш сиёсатмадорон, собиқадорони меҳнат, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, коршиносону муҳаққиқон, фаъолзанону ҷавондухтарони шаҳри Душанбе ва намояндагони ВАО ширкат варзиданд. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ иброз намуд, ки имрӯз саҳми занон дар ҳамаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷомеа хеле назаррас аст ва бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат занону бонувон имрӯз дар ҳамаи соҳаҳо баробари мардон фаъолият доранд.
Маърӯзачиён дар хусуси қабул ва татбиқи қонуну фармонҳо ва барномаҳои давлатӣ вобаста ба занон гуфт, ки зимни таҳияи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ маҳз барои баланд бардоштани нақшу мақоми бонувон ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо ба таъмини баробарии гендерӣ дар ҷомеа диққати хосса дода мешавад.
Зикр шуд, ки барнома дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи милитсия», Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба пешгирии зӯроварӣ дар оила равона гардидаанд, таҳия шудааст.
Таъкид гардид, ки мартаба ва эҳтироми занон дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми шоён ба худ касб кард. Баргирифта ба ҳурмату иззате, ки дар гузашта нисбат ба зан-модар зоҳир мешуд, дар замони соҳибистиқлолӣ мартаба ва мақоми занон ба таври назаррас боло рафт ва онҳо дар радифи мардон аз ҳеҷ кори давлатию ҷамъиятӣ дур намонданд. Балки занон пайваста ба корҳои давлатию ҷамъиятӣ дар вазифаҳои мухталиф ҷалб гардида, барои рушди бештари соҳаҳои мухталифи кишвар аз дониш ва қувваи созандаи онҳо кор гирифта шуд.
Дигар иштирокчиёни ҳамоиш низ ҳангоми суханронӣ иброз доштанд, ки Конститутсияи кишвари мо ба масъалаи оила муносибати хосса дошта, тибқи моддаи 33-и он муқаррар шудааст, ки «давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад. Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд». Ин аст, ки намояндагони се насл бо майли том дар ин ҳамоиш гирди ҳам омаданд, то бо ҳам гуфтугӯ намуда, аз таҷрибаи ҳамдигар баҳра гиранд, ҳуқуқӯ масъулиятро бишносанд ва насли ояндаи созандаву бунёдкорро ба роҳи дуруст роҳнамун созанд.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ