ҲАМОИШҲОИ ВАТАНДӮСТӢ ДАР ҚИСМҲОИ ҲАРБИИ ҲУДУДИ ПОЙТАХТ
Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳарбӣ- варзишӣ бо тарғиби арзишҳои миллӣ ва Ваҳдату ягонагӣ ҳамчунин шиносоӣ бо шароити хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҳамоишҳои зиёде ташкилу роҳандозӣ шуда истодаанд.
Бо ин мақсад аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии 12019-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии маърифатӣ-фарҳангӣ доир гардид.
Зимни шиносоӣ аз будубош ва шароитҳои қисми ҳарбӣ меҳмонон аз гӯшаҳои ҳунармандӣ, дастовардҳои сарбозону афсарон, ва китобхона дидан карданд.
Тавре иброз шуд, ҷавонон дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ обутоб ёфта мактаби мардонагиро мегузаранд. Дар ин баробар ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстии онҳо баланд мегардад.
Дар қисмати расмии чорабинӣ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба арзишҳои миллӣ, давлатсозиву давлатдорӣ ва пойдории сулҳу суботи кишвар андешаронӣ кард.
Дар идома ба сардори қисми ҳарбӣ ва сарбозони фаъол сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон на варзиш ҷиҳати ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, фароҳам овардани шароит ҷиҳати иштироки фаъолонаи насли ояндасози кишвар дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ба ин васила дар замири онҳо ташаккул додани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ дар вазъияти тантанавӣ тақдим гардид.
Ҳамин тавр барои сарбозону афсарон дастархон ороста шуд. Чунин ҳамоишҳо дар қисмҳои низомии ҳудуди пойтахт идома доранд.
Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ