image

Тадбирҳои пешгирикунанда сӯхтор дар муассисаҳои гуногуни пойтахт аз ҷониби сохторҳои марбута

date_range23.12.2022, 09:38 chat_bubble_outline0 remove_red_eye432

Бо мақсади риояи қоидаҳои бехатарии сӯхтор ва пешгирии омилу ҳолатҳои мусоидаткунанда ба ҳодисаҳои нохуш дар асоси нақша-чорабиниҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Сарраёсати Хадамоти давлатии отанишонӣ дар якҷоягӣ бо Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе пайваста тадбирҳои дастурдиҳиву назоратӣ гузаронида мешавад. Зеро иҷрои тадбирҳои маҷмӯии соҳавӣ барои сар назадани ҳодисаҳои эҳтимолии сӯхтор замина мегузорад.

Дар ин раванд аз ҷониби нозирони Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо кормандони Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе дар муассисаҳои типи интеннативу хизмати иҷтимоии ҳудуди пойтахт корҳои дастурдиҳиро гузрониданд.

Аз ҷумла дар ҷараёни тадбирҳои навбатӣ кормандони соҳа Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанберо аз назар гузарониданд. Тавре маълум гардид, дар иншооти мазкур талаботи қоидаҳои бехатарии сӯхтор ба инобат гирифта шудааст. Дар ин доира ба масъулин вобаста ба пешгирии омилҳои мусоидаткунанда ба сухтор дастурҳо дода шуд.  

Дар идома вохӯрии нозирони Хадамоти оташнишонӣ бо кормандону масъулини муассисаи мазкур роҳандозӣ шуд. Дар рафти вохӯри масъулин доир ба қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва истифодаи дурусти таҷҳизоти барқӣ суханронӣ карда аз ҳозирин даъват карданд, ки дар ин самт эҳтиёткор бошанд.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"