image

Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Паёми навбатии Пешвои миллатро дастаҷамъона тамошо карданд

date_range23.12.2022, 14:11 chat_bubble_outline0 remove_red_eye199

Устодону донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар толори барҳавои Донишгоҳ, ки наздик ба 500 нафар иштирок доштан Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тариқи монитор дастаҷамъона тамошо карданд.

Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамасола дастоварҳои як соли охирро барраси намуда, самтҳои асосии фаъолиятро барои як соли дигар муайян менамояд. Дар баробари дигар кумитаву сохторҳои давлати ва муассисаҳои олии касби устодону донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва сохибкории Тоҷикистон дар толори барҳавои донишгох тавасути оинаи нилгун ироаи Паёми Пешвои миллатро дастаҷамъона тамошо намуда, онро барои худ ҳамчун санади раҳнамусоз ва нишондодҳои онро сармашқи кори худ қарор доданд. Зеро Паёми Пешвои миллат ҳамчун дастурамал рушди ҳамаи бахшҳои мамлакатро дарбар гирифтааст.

Устодону донишҷӯён ҷанбаҳои дигари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси олии кишвар махсусан доир ба рушди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат мавриди барраси қарор дода, иброз доштанд, ки бо дарназардошти дастоварҳои назарраси соли сипаришуда тадбиқи бандҳои Паёми Президенти мамлакат дар соли 2022 дар ноилгардидан ба рушди бештари тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ заминаи мусоид мегузорад.

Устодони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва сохибкории Тоҷикистон зикр намуданд, ки дар доираи нишондодҳои Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар дар самти таълиму тарбия ва саводнокии донишҷӯёни Донишгоҳро бозҳам баланд бардошта дар пешрафти соҳаҳои гуногуни кишвар заминагӯзор бошанд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"