image

Кормандони «ТВ Душанбе» Паёми Президенти мамлакатро дастаҷамъона тамошо карданд

date_range23.12.2022, 15:09 chat_bubble_outline0 remove_red_eye276

Кормандони Муассисаи давлатии «Телевизиони Душанбе» низ чун дигар сохторҳо Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастаҷамъона тамошо намуданд.

Пас аз анҷоми пахши мустақими Паёми Пешвои миллат аҳли эҷоди Муассиса аз он натиҷагирӣ намуда, нақшаҳои кории худро ҷиҳати инъикоси ҳамаҷиҳатаи ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва дигар самтҳои ҳаёти ҷомеа тартиб доданд.

Аз натиҷагирии Паёми Пешвои миллат хулоса шуд, ки дар кутоҳтарин фурсат барномаҳои мукаммали телевизионӣ бо ҷалби коршиносону донишмандон ва таҳлилгарон таҳия шуда, манзури тамошобинон карда шавад.