Баррасии нуқтаҳои муҳими паёми Пешвои миллат ва амалишавии нишондодҳои дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
Устодону донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон зимни як ҷамъомад паҳлуҳои гуногуни Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро таҳлилу баррасӣ намуданд.
Зимни ҷамъомад масъулини донишгоҳ сухан карда зикр намуданд, ки муайян намудани самтҳои фаъолият дар ҳама соҳаҳои кишвар, самтҳои сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат, роҳҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз самтҳои асосие буданд, ки дар Паёми имсолаи пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардидаанд.
Таъкид рафт, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ чун дигар Паёмҳо соҳаи маориф ва илмро ҳамчун соҳаи афзалиятнок маънидод намуда иброз доштанд, ки Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Бо ин мақсад дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кард.
Дар давраи зикршуда аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст. Бояд гуфт, ки ин тадбир барои дар сатҳи хуб ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия заминаи хуберо фароҳам месозад.
Гуфтан ба маврид аст, ки сол то сол беҳтар гардидани шароити иҷтимоии аҳолӣ имкон дод, ки ҳамасола шумораи зиёди ҷавонони мамлакат барои таҳсил дар Донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар рӯ ба афзоиш буда, ҷавонон баъд аз хатми мактаб дар дилхоҳ муассисаҳои таълимӣ ба илмомӯзӣ машғул мегарданд.
Таъкид рафт, ки Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва сохибкории Тоҷикистон низ баҳри омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори меҳнат дар ҳамагуна бахшҳо нақши муҳим дорад. Тибқи иттилои масъулин айни ҳол дар Донишгоҳ ҳудуди 6 ҳазор донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Дар идома зикр гардид, ки ироа гардидани Паёми президанти кишвар дар оғози ҳар сол, бевосита аз ҳамроҳу ҳамовоз будан бо мардум ва таваҷҷуҳи бевоситаи Сардори давлат ба сатҳу сифати зиндагӣ ва некуаҳволии сокинони кишвар дарак медиҳад.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ