Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ курси «Сиёсати гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои занону духтарони болаёқати «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» роҳандозӣ шуд
Аз ҷониби Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Курси омӯзишии серӯза аз рӯйи барномаи «Сиёсати гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар доираи татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ва Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022 роҳандозӣ шуд.
Дар маросими ифтитоҳи курси мазкур ректори Академия Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, раиси Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, собиқадори соҳаи хизмати давлатӣ, намояндагони Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон», Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин занони фаъол, собиқадорони соҳаи хизмати давлатӣ аз ВМКБ ва Суғд(тариқи маҷозӣ) иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мувофиқи Барнома барои бонувон машғулиятҳо оид ба татбиқи сиёсати гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳияи буҷет бо дарназардошти ҷанбаҳои гендерӣ, татбиқи сиёсати гендерӣ дар идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, имиҷи зан роҳбар, ҳуқуқу имтиёзҳои занон дар муносибатҳои меҳнатӣ, пешгирии зӯроварӣ дар оила, усулҳои муосири мудирият ва ғайраҳо гузаронида шуда, дар ҷамъбаст баъди санҷиши донишҳои омӯхташуда ба шунавандагон сертификати хатми курси такмили ихтисос дода мешавад.
Тибқи иттилоъ дар марҳилаи нахустини фаъолияти Маркази мазкур модули таълимӣ таҳти унвони «Банақшагирии буҷет бо дарназардошти ҷанбаҳои гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯйи барномаи «Банақшагирии буҷет бо дарназардошти ҷанбаҳои гендерӣ: ҳадафҳо, вазифаҳо ва дурнамо» таҳия карда шуда, 18 нафар тренерони миллӣ омода карда шуданд ва наздики 100 нафар хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз рӯйи ин барнома аз такмили ихтисос гузаштанд.
Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ