image

Тақдими китобҳои тозанашри Ҷумҳурии Беларус ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон

date_range27.12.2022, 09:56 chat_bubble_outline0 remove_red_eye276

Дар шаҳри Душанбе маросими тақдими китобҳои тозанашри Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқҳои касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Ҷумҳурии Беларус ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.

Иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттифоқҳои касабаи бародарии ҷониби Беларус шартнома ва инчунин дар доираи Ассотсиатсияи байналмилалии иттифоқҳои касаба (ИОП) ҳамкории зич доранд. Дар сатҳи давлатӣ робитаҳои наздики дӯстона доштани Ҷумҳурии Тоҷиикстон бо Ҷумҳурии Беларус аз ҳамкории судманд дар рушди иттифоқҳои касаба низ арзёбӣ мегардад.

Тақдими китобҳои тозанашр аз ҷониби Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Ҷумҳурии Беларус ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон бори дигар аз ҳамкориҳои судманди дар рушди соҳаи иттифоқи касаба унвон гардид.

Қайд шуд, ки мардуми кишвари мо бо пайгирӣ аз сиёсати хирадмандонаи Роҳбарияти олии мамлакат дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ натанҳо дар сиёсати дохилӣ, балки дар сатҳи байналмилалӣ ташаббусҳои судманд нишон доданд.

Таъкид рафт, ки Иттифоқҳои касаба баҳри таҳкими Истиқлоли давлатӣ, ба ҳайси шарики боеътимоди иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиикстон дар татбиқи сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ саҳми назаррас мегузоранд.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"