Баргузории ҳамоиши илмӣ-методӣ дар мавзӯи «Таҳияи китобҳо доир ба илмҳои дақиқ-талаботи замон»
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» ҳамоиши илмӣ-методӣ дар мавзӯи «Таҳияи китобҳо доир ба илмҳои дақиқ-талаботи замон» дар Литсейи равияи табиию риёзии ДМТ баргузор гардид.
Қабл аз баргузории ҳамоиши илмӣ директори муассиса дар бораи фаъолияти устод Асадулло Шарифзода суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки устод Асадулло Шарифзода дар таҳияи китобҳои дарсӣ оид ба фанҳои дақиқ саҳми назаррас гузоштааст.
Сипас, сардори раёсати илми донишгоҳ суханронӣ намуда, аз хидматҳои устод Асадулло Шарифзода ёдоварӣ шуда, ӯро бо ифтихорномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сарфароз гардонид.
Инчунин дигар иштирокчиён дар самти таҳияи китобҳои дарсӣ аз руйи равияҳои дақиқ ва риёзӣ, инчунин мавқеи омӯзгор дар таълими онҳо суханронӣ намуданд. Соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои бо кадрҳои омӯзгорӣ таъмин гардонидани макотиби олӣ ва таълиф намудани китобҳои дарсии математикаи миллиро низ ба миён овард. Ин буд, ки Шарифзода ва марҳум Алиев нахустин шуда ба навиштани китобҳои дарсии фанни математика камар бастанд. Ба қалами устод Асадулло Шарифзода беш аз 120 мақола, фишурдаи илмӣ тааллуқ доранд, ки қисми зиёдашон дар маҷаллаҳои илмии бонуфузи хориҷ аз кишвар чоп шудаанд.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ