image

Баргузории семинар-машварати ҷумҳуриявӣ таҳти унвони "Таҳкими бехатарӣ аз сӯхтор дар давраи оташтаҳдидкунандаи мавсими зимистон"

date_range27.12.2022, 15:30 chat_bubble_outline0 remove_red_eye294

Бо фаро расидани фасли зимистон дар ҷумҳурӣ хавфи ба вуҷуд омадани сӯхтор зиёд мегардад. Кормандони Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баргузории ҳамоише дар Душанбе аз роҳбарону масъулини муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ тақозо намуданд, ки тадбирҳои пешгирикунанда аз сӯхторро ҷиддитар намоянд.

Тавре иттилоъ дода шуд, то ҳамин давраи соли равон дар ҷумҳурӣ 1239 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст.

Дар ҷараёни кори ҳамоиш муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид дошт, ки новобаста ба таъкиду ҳушдордиҳиҳо ва тадбирандешиҳои пайвастаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ҳамасола дар натиҷаи риоя накардани талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор аз ҷониби баъзе аз масъулини сохторҳои мухталиф ҳодисаи нохуши сӯхтор ба амал меояд.

Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва таҳкими вазъи бехатарӣ аз сӯхтор таъкид шуд, ки Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ дар якҷоягӣ бо тамоми муассисаву корхонаҳо корбариро ҷоннок намоянд.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"