“Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе" аз рӯи 8 ихтисос мутахассис омода мекунад
Дар муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе аз рӯи 8 ихтисос мутахассис омода карда мешавад ва дар заминаи таваҷҷӯҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъмири биною синфхонаҳои таълимӣ, таҳкими заминаҳои моддӣ – техникӣ имрӯз шароити хуби таълимӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар муассисаи мазкур имрӯз 277 нафар хонандагон таҳсил менамоянд, ки дарсҳои назариявӣ дар синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо воситаҳои таълим ва дарсҳои амалӣ дар устохонаҳои таълимӣ – истеҳсолӣ сурат мегиранд.
Дар муассиса 28 устохонаи муҷаҳҳаз бо мошинаҳои дарздӯзӣ амал мекунад, ки ҳамарӯза омӯзгорон нозукиҳои касби дузандагиро ба хонандагон меомӯзонанд.
Дар Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе ҳамзамон баробари омӯзонидани касби дӯзандагӣ барои омӯзиши технологияи иттилоотӣ шароити лозима фароҳам оварда шуда, дар 3 – синфхонаи таълимии муҷаҳҳаз бо 55 адад компютерҳои наву замонавӣ омӯзгорони ботаҷриба аз рӯйи ихтисосоҳои “Системаи компютерӣ ва интернет” ва “Ҳисобдор бо донистани кор дар компютер” дарсҳои амалӣ мегузаронанд.
Ба гуфтаи масъулин дар асоси нақшаи таълимӣ соле як маротиба хонандагон ба таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ба корхонаҳои истеҳсолии воқеъ дар шаҳри Душанбе сафарбар карда мешаванд.
Баъд аз хатми муассиса хонандагон метавонанд барои идомаи таҳсил ба Донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ба тариқи Маркази миллии тестӣ дохил шуда, идомаи таҳсил намоянд. Инчунин хоҳишмандон дар корхонаҳои истеҳсолие, ки бо муассиса шартнома доранд ба кор таъмин карда мешаванд.
В. Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ