image

Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ таҳти унвони “Фарҳанги ҷовидона” консерт баргузор шуд

date_range28.12.2022, 09:46 chat_bubble_outline0 remove_red_eye247

Бо иштироки ситораҳои операи Россия дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ консерт таҳти унвони “Фарҳанги ҷовидона” баргузор гардид, ки дар он ҳунармандону меҳмонони хориҷӣ, сокинони шаҳри Душанбе ва алоқамандони созҳои мусиқии классикии арфа ва баян иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки чунин созҳои мусиқӣ дар театри операи тоҷик 30 сол боз садо надода буд, аз ҳамин хотир ҳаводорони ин намуди санъат дар театр бештар ба назар мерасид.

Дар барномаи консертӣ порчаҳои осори ҷовидонаи классикони ҷаҳон, ки ҳамчун ҳунрмандони операи миллӣ шинохта шудаанд, пешкаши ҳаводорони ин санъати бузурги ҷаҳони гардонида шуд. Ин ҳунармандон дар саҳнаҳои бузурги ҷаҳонӣ иштирок ва ҳунарнамоӣ намуданд ва имрӯз дар Театри давлатии академмии опера ва балети ба номи С.Айнӣ бо навоҳои ҷовидона ва рӯҳбахши созҳои арфа ва баян фазои фарҳангии шаҳри Душанберо муаттар сохтанд.

Қайд кардан ба маврид аст, дар ду моҳи охир дар барабари ҳунарманоди тоҷик боз 15 ҳунарпешаи хориҷӣ дар ҳайати Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ шомил шудаанд, ки фазои эҷодӣ-таҳиявии театрро қавӣ мегардонад.

Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ аз соли 1935 фаъолит менамояд. Соли 1971 барои муваффақиятҳои эҷодӣ ба театр унвони театри академӣ дода шуд.

В. Шарифзода
"ТВ Душанбе"