Рӯнамоии китоби тозанашри «Довуди Сосунӣ»-и Муртазо Зайниддинзода
Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо иштироки олимону адибон ва донишҷӯён маросими рӯнамоии китоби тозанашри «Довуди Сосунӣ», ки эпоси халқӣ буда, онро дотсенти факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муртазо Зайниддинзода тартиб додааст, баргузор шуд.
«Довуди Сосунӣ» эпоси даҳонии халқи арман буда, дар дарозои таърих чун пойдевори адабиёт ва ифтихори халқи арман хизмат мекунад. Баҳодурони дар эпос тасвиргардида, алайҳи зулми ғосибони аҷнабӣ қиём намуда, барои озодиву адолат мубориза мебаранд.
Зимни маросими рӯнамоӣ маъсулин изҳор доштанд, ки дар китоб ва умуман эпоси мазкур дӯстии деринаи халқҳои тоҷику арман бо шеваи ҷолиб тасвир ёфтааст. «Довуди Сосунӣ» маҷмуан инъикоскунандаи таърихи пуршебу фарози халқи арман мебошад.
Эпоси мазкур аз чор бахш иборат буда, аввалин маротиба онро аз нақли шифоҳии мардум соли 1873 дар намуди достон тадқиқотчии машҳури адабиёти халқӣ Гарегин тартиб медиҳад.
Тавре, ки зикр шуд, солҳои 80-уми асри гузашта тарҷумони покниҳод Асам Адҳам, ки дар амали тарҷумонӣ таҷрибаи кофӣ андухта буд, мустақиман ба тарҷумаи ин шоҳкории халқи арман таваҷҷӯҳ пайдо кард ва ба эътибори гуфтаи худаш дар чор моҳ тарҷумаи комили онро ба анҷом расонид, вале умр барояш вафо накард, то эпоси мазкурро рӯи чоп биёрад.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ