image

ТАШКИЛИ ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР БОЗОРҲОИ ПОЙТАХТ БАХШИДА БА СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ

date_range28.12.2022, 18:07 chat_bubble_outline0 remove_red_eye315

Баҳри таъмини сокинону меҳмонони пойтахт дар бозорҳои ҳудуди ш.Душанбе ярмаркаҳои доимамалкунанда ташкил гаштаанд, ки маҳсулоти ниёзи аввала бо нархҳои арзон фурӯхта мешаванд.

Дар кӯчаи Ҳусейнзода, 36 ярмаркаи маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ дар доираи тадбирҳои иҷтимоии роҳбарияти шаҳри Душанбе бо мақсади таъмини сокинону меҳмонони ш.Душанбе бо маҳсулотҳои ниёзи авалия дар арафаи Соли нави мелодӣ роҳандозӣ шуд.

Чунин ярмарка бахшида ба Соли нави мелодӣ дар назди бозори Меҳргон ҳам ба роҳ монда шудааст. Дар ярмаркаи мазкур маҳсулоти гуногуни ғизоӣ ки аз хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, Иттифоқи “Тоҷикматлубот”, “Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати ҶТ” ва КВД “оид ба истеҳсол, харид, захира ва фуруши маҳсулоти ниёзи аввалияи ш.Душанбе” ворид шудаанд, бо нархҳои нисбати бозор арзон пешниҳоди сокинон ва меҳмонони шаҳр гардонида мешаванд.

Дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти ш. Душанбе чунин ярмаркаҳо дар ҳама бозорҳои пойтахт ташкил карда шудаанд. Аз ҷумла чунин ярмарка дар бозори Саховат ҳам роҳандозӣ гардидааст, ки сокинону меҳмонони пойтахт маҳсулоти ниёзашонро бо нархҳои дастрас харидори мекунанд.

Дар ярмаркаи мазкур гӯшти гов бо нархи 55 сомонӣ, равған 5 литр 90-95 сомонӣ, орди навъи якум 270 сомонӣ, шакар 8 сомониву 20-дирам, картошка 3 сомонию 70 дирам, пиёз 3 сомонию 70 дирам, сабзӣ 2 сомонӣ ва дигар маҳсулотҳо низ бо нархҳои дастрас пешниҳоди сокинону меҳмонон гардонида шудаанд.

Бо роҳандозӣ намудани тадбирҳои мусоидаткунанда аз ҷониби сохторҳои дахлдори шаҳри Душанбе ва дастуру супоришҳои бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ чун солҳои қаблӣ имсол низ бозори истеъмолии пойтахт дорои маҳсулоти фаровон буда, нархи маҳсулоти ниёзи аввалия зери назорати доимӣ қарор дорад.

Ташкили ярмаркаҳои маҳсулоти ниёзи аввал дар бозорҳои пойтахт аз ташаббусҳои доимии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"