image

Ҳамоиши илмӣ вобаста ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

date_range29.12.2022, 13:01 chat_bubble_outline0 remove_red_eye237

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ доир гардид.

Дар ҳамоиши мазкур роҳбарият ва устодону кормандони ин боргоҳи илму маърифат иштирок ва суханронӣ намуданд.

Чорабинии мазкурро роҳбарияти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём худ ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Гуфта шуд, ки сарвари давлат дар Паёми хеш аз дастоварду пашрафтҳои иқтисодию иҷтимоии мамлкат ёдовар шуда, онро заҳмати шабонарӯзӣ ва талоши ҳар як фарди ба миллат содиқу софдил ҳосибиданд ва бо боварӣ иброз намуданд, ки дар оянда низ миллати тоҷик бо заҳмату талош ва кӯшишҳои пайвастаи худ давлати моро аз ин ҳам ободу зебо мегардонанд.

Дар идома дигар иштирокдоорон низ ба сухан баромада қайд намуданд, ки Паёми навбатии Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ аз паёмҳои солҳои гузашта баъзе хусусиятҳояи фарқкунанда дорад. Аввалан Паёми навбатӣ аксаран ба масъалаҳои иқтисодӣ ва саноатикунии кишвар бахшида шудааст. Сониян дар Паём яке аз масъалаҳои муҳими давлатӣ ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ дар арсаи байналмилалӣ таъкид шуд, ки дар ҷаҳони зудтағйирёбанда ва бархӯрди манфиатҳои абарқудратон бисёр муҳим арзёбӣ мегардад.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"