image

Ташкили барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони «Шаҳри муъҷизаҳо» дар Сирки давлатии Тоҷикистон

date_range30.12.2022, 11:18 chat_bubble_outline0 remove_red_eye282

Бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе дар бинои Сирки давлатии Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ-фароғатии кӯдаконаи солинавӣ таҳти унвони "Шаҳри муъҷизаҳо" доир гардид.

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода оғоз намуда, нахуст паёми шодбошии Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалиро ба муносибати Соли нави мелодии 2023 ба унвонии тамоми кӯдакону наврасони пойтахт расонид.

Дар чорабинӣ наздики 1900 кӯдаки, ятим, нимятим, аз оилаҳои ниёзманд ва наврасони фаъоли пойтахт иштирок доштанд. Намоишномаи фарҳангӣ-фароғатии кӯдаконаи солинавии “Шаҳри муъҷизаҳо” бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ таҷлил намудани Соли нави мелодии 2023 ва фароҳам овардани шароити мусоиди фароғатӣ барои наврасони пойтахт баргузор карда шуд. Воқеаву рӯйдодҳои намоишномаи “Шаҳри муъҷизаҳо” дар саҳнаи Сирки давлатӣ бо ороишоти афсонавӣ ба таври хотирмону таъсирбахш сурат гирифта, он аз ҷониби ансамблҳои рақсии кӯдаконаи "Ғунчаҳои пойтахт", "Лаъл", "Меҳрона", "Гулрез", "Зебо", шогирдони мактаби бачагонаи санъати ба номи Муҳиддин Аминзода - дастпарварони Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе, сирки давлатӣ ва дигар марказҳои фарҳангиву таҳсилотии пойтахт пешниҳод гардид.

Дар намоишнома тавассути амалиёт аз ҷониби ҳунармандон сарзамини биҳиштосою афсонавии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва пойтахти он шаҳри дилорои Душанбе ситоиш гардид.

Бо пешниҳоди намоиши солинавӣ ҳунармандон, ки қаҳрамонҳои гуногуни афсонавиро васф мекарданд, иштирокчиёни хурдсолро ба дунёи рангини тахаюлот ва афсонаҳои кӯдакии худ ворид менамуданд. Суруду тарона ва саҳначаҳои шавқовару рангин аз ҷониби кӯдакон бо самимият ва шодию фараҳ истиқбол гардиданд. Намоишномаи кӯдаконаи "Шаҳри муъҷизаҳо" хеле хотирмон ҷараён гирифта, ба иди ҳақиқии дӯстиву якдилии кӯдакон табдил ёфт.

Дар ҷараёни чорабинӣ ба тамошобинони барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ ва иштирокчиёни намоишномаи солинавӣ беш аз 2500 адад туҳфаҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тақдим гардид.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"