image

Тақдими туҳфаҳои идонаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба тарбиятгирандагони муассисаҳои типпи интернатии шаҳр

date_range30.12.2022, 11:46 chat_bubble_outline0 remove_red_eye556

Буду боши нафарони маъюб ва дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ ва равонӣ ҳамешаву доим таҳти сарпарастии Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, пайваста дар ин самт аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар шасхони ташаббускор корҳои хайру савоб анҷом дода мешавад.

Дар идомаи тадбирҳои хушнудсозӣ туҳфаҳои солинавии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба зиёда аз 116 нафар таълимгирандагон Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии асосии «Мактаб-интернати рақами 2 барои кӯдакони имконияти маҳдуддошта»-и шаҳри Душанбе расонида шуд.

Зимни тақдим туҳфаҳо муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ва роҳбарияти Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе иштирок доштанд ва тамоми таълимгирандагони ин муассисаро ба фарорасиии Соли нави мелодии 2023 табрик намуда, аз номи Раиси шаҳри Душанбе ба ҳар яки онҳо туҳфаҳои солинавӣ ва либосҳои гармро тақдиим намуданд.

Бояд гуфт, ки Иқдоми навбатии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки дар арафаи соли нави мелодӣ ба тамоми таълимгирандагони муассисаҳои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ ва равонии пойтахт идомаи сиёсати созанда ва дастуру ҳиядотҳои раҳнамунсоз ва падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста мешавад. Ин тадбир минбаъд низ идома дода шуда, тамоми кӯдакону наврасони дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ ва равонӣ зери таваҷҷуҳи роҳбарияти олии давлату ҳукумат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қарор доранд.

Бояд қайд кард, ки дар доираи дастуру супоришҳои бевоситаи Раиси Маҷлиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамасола бо фарорасии Соли нави мелодӣ ба қишри ниёзманди ҷомеа кӯмакҳои яквақтаина расонида мешавад.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"