image

МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ СОҲАИ САЙЁҲИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

date_range30.12.2022, 21:57 chat_bubble_outline0 remove_red_eye284

30.12.2022. ш. Душанбе. Имрӯз дар Кохи Суруши пойтахт маросими ҷоизасупории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи сайёҳӣ доир гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони вазорату идораҳо, корхонаву муассисаҳо, сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, соҳибкорони ташаббускор, маъмурияти тарабхонаву меҳмонхонаҳо, ширкатҳои сайёҳӣ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок варзиданд.

Дар оғози чорабини бо паёми табрикотӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Одиназода Дилшод Нурулло ва муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирбекзода Ҳабибулло ҳозиринро шодбош гуфтанд.

Таъкид намуданд, ки шаҳри Душанбе ҳамчун маркази тамаддуни муосири илму фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик ва пойтахти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо тарғиби арзишҳои наҷиби инсонпарварӣ, таҳаммулпазирӣ, сулҳу дӯстӣ ва фарҳанги баланди меҳмоннавозӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ шуда, аз баракати соҳибистиқлолӣ ва самараи сиёсати созандаву бунёдгузори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри бузурги маънавиёт, илму маърифат ва имкониятҳои рушди устувори сайёҳӣ ноил гардидааст.

Дар идома ба соҳибкорони ташаббускор, вазорату идораҳо, корхонаву муассисаҳо, ширкатҳои сайёҳӣ, тарабхонаву меҳмонхонаҳо, васоити ахбори омма, ғолибони озмуни “Беҳтарин ролики сайёҳи шаҳри Душанбе” ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятие, ки дар рушди соҳаи сайёҳӣ пойтахт саҳмгузорӣ ва дар татбиқи нақшаву ибтикороти шаҳрдорӣ мусоидат намуданд ифтихорномаву туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тақдим гардид.

Баргузории чорабинии мазкур дар соҳаи сайёҳии пойтахт як навъ таваҷҷуҳ ва миннатдории шаҳрдорӣ арзёбӣ мегардад.

Дар фарҷоми чорабинӣ баҳри болидахотирии иштирокчиён барномаи фарҳангии саряндагони машҳур ва истеъдодҳои ҷавони пойтахт пешкаш гардид.