image

ЭЪЛОН: Озмуни “беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар бораи рушду тараққиёти шаҳри Душанбе”

date_range04.01.2023, 10:49 chat_bubble_outline0 remove_red_eye295
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе озмуни “беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар бораи рушду тараққиёти шаҳри Душанбе”-ро эълон менамояд.
Хоҳишмандон метавонанд маводҳои худро ба суроғаи шаҳри Душанбе, х.Рӯдакӣ 40, Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ирсол намоянд.
Талаботи асосии иштирок дар озмун:
Дар озмун танҳо намояндагони ВАО-и давлатӣ иштирок карда метавонанд, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шуда бошанд;
Барои иштирок дар озмун довталаб бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод
намояд:
- дархост барои иштирок дар озмун;
- нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии давлатӣ;
- маълумотнома оид ба суроғаи ҷойгиршавӣ;
- пешниҳоди мавод дар бораи дастовардҳои шаҳри Душанбе
(дар флэшкорт);
Барномаи телевизионӣ ва радиоӣ на кам аз 20 дақиқа ва на беш аз 35
дақиқа ва мақола бошад дар ҳаҷми на кам аз 3 саҳифа (саҳифаи газета) бошад ва дар он дастовард, рушди соҳаҳои гуногуни пойтахт ва саҳми Раиси шаҳр дар ободу зебо гардидани шаҳри Душанбе возеҳу равшан инъикос ёфта бошад;
Ҳар як товталаб танҳо як барнома ё мақола пешниҳод карда метавонанд.
Ҷойҳои якум - 10 000 сомонӣ
Ҷойҳои дуюм - 7 000 сомонӣ
Ҷойҳи сеюм - 5000 сомонӣ
Муҳлати охири қабули барномаҳо то 10 январи соли 2023, соати 17:00.
Тел: 2214514