image

Фаъолияти “Маркази ҳунарҳои миллӣ ва муосир дар МДТ "Литсейи касбии дузандагӣ"-и шаҳри Душанбе”

date_range04.01.2023, 15:20 chat_bubble_outline0 remove_red_eye286

Дар доираи Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 имрӯзҳо дар ҳама шаҳру ноҳияҳои кишвар марказҳои ҳунарманди таъсис дода шудааст, ки ҷавонондухтарон ва занони хонашин ба ин марказҳо ҷалб гардида, аз нозукиҳои ҳунари дасти воқиф мегарданд.

Бо мақсади эҳё ва инкишофи ҳунарҳои миллӣ ва муосир, таҳкими мероси фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои таърихии ҳунаромузии халқ, ҷалб ва ҳавасмандгардонии ҳамаҷонибаи аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, дастгирии фаъолияти ҳунармандӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушди ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои мушаххас андншида шуда, барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021- 2025 таҳия гардидааст, ки дар доираи амалигардии барномаи мазкур имрӯзҳо дар ҳама шаҳру навоҳии мамлакат ва ҳамчунин назди ташкилоту муассисаҳо марказҳои ҳунармандӣ фаъолият менамоянд.

“Маркази ҳунарҳои миллӣ ва муосир дар МДТ "Литсейи касбии дузандагӣ"-и шаҳри Душанбе” аз зумраи чунин марказҳое мебошад, ки ҷиҳати эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ имрӯзҳо дар он омӯзиши ҳунари қадима ва муосири миллати тоҷик ба хонандагон ва бонувони хонанишин ба роҳ монда шудааст.

Маркази ҳунармандӣ дар муассиса аз моҳи январи соли 2021 фаъолияти худро оғоз намуда, дар ин ҷо бо муҳайё намудани шароитҳои зарурӣ вобаста ба касбу ҳунарҳои милли ва муосир, ташкили курсҳои кутоҳмудати касбомузй роҳандозӣ шудааст, ки дар соли 2021 дар баробари хонандагони Литсей, 10 нафар занони хонанишин курсҳои кутоҳмуддатро аз руй касби "Дузанда" хатм намуданд. Дар маҷмӯъ аз аввали оғози фаъолияти корӣ аз тарафи Марказ 33 нафар касбомӯз бо аз худ намудани касби дӯзандагӣ бо ҳуҷҷати азхудкунии касб таъмин гардиданд.

Маврид ба зикр аст, ки аз ҷониби Маркази ҳунарҳои миллӣ ва муосири Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии дузандагии шаҳри Душанбе дар озмун ва намоишҳои сатҳи нохиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ дастовардҳои касбомузон ва хонандагони литсей ба намоиш гузошта мешавад.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"