Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии ҶТ ҳамоиш доир шуд
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар самти омодакунии кадрҳои бахшҳои гуногуни ҷомеа саҳми назаррас дорад. Ҳамчун муассисаи бонуфузи илмиву таълимӣ дар рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ бо иқтидори зарурӣ ин муассисаи олии таълимӣ нақш дорад.
Ҳамоиши навбатӣ дар ин донишгоҳ ҷиҳати тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҶТ баргузор шуд.
Дар ҷараёни ин ҳамоиш олимону донишмандони соҳа вобаста ба Паём ҳамчун барномаи амалии ҳамаи бахшҳои кишвар андешаронӣ намуданд. Тавре дар зимни пешниҳоди Паёми роҳбари давлат зикр шуд, дар баробари дигар бахшҳо, давоми соли сипаришаванда рушди бахши иқтисоду молия низ дар мамлакат таъмин шудааст.
Зикр шуд, ки "Сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт. Аз ҷумла соли 2022 корҳо ҷиҳати устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ тақвият пайдо карда, рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8 фоиз таъмин карда шуд". Ҳаминтавр дар мулоқот банд ба банд нуктаҳои Паём мавриди шарҳу тавзеҳ қарор дода шуд.
Дар идома бо иштироки роҳбарияти ДМТ, масъулини сохторҳои Раёсати донишгоҳ ва факултету дигар воҳидҳои сохтории ин муассисаи олии таълимии мамлакат фаъолияти як солаи он мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тавре таъкид рафт соли 2022- ро бо нишондодҳои назаррас донишгоҳ ҷамбаст намудааст. Соли 2022 дар бахши таълим, илм, тарбия ва иқтисоду хоҷагидорӣ донишгоҳ сазовори дастоварду комёбӣ гардидааст. Аз ҷумла як хобгоҳ дар ин сол ба бинои истиқоматӣ табдил дода шуда, ба омӯзгорон пешниҳод шуд. Хобгоҳи мазкур дар маҳаллаи Гипроземи пойтахт воқеъ буда, соли 1976 дар масоҳати умумии 1788,0 метри мурабаъ сохта шуда, то оғози соли 2022 ҳамчун хобгоҳи донишҷӯӣ фаъолият намудааст. Хобгоҳи мазкур аз 4 ошёна иборат буда, ба талаботи меъёри сохтмон ҷавобгӯ буда, табдил додани он аз бинои хобгоҳи донишҷӯён ба ҳуҷраҳои истиқоматии омӯзгорон баъди азнавсозӣ имконпазир шудааст. Ҳаминтавр фаъолияти донишгоҳ дар дигар бахшҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ