image

Шарҳи Паёми Пешвои миллат дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12

date_range05.01.2023, 09:22 chat_bubble_outline0 remove_red_eye216

Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо истиқоматкунандагони маҳаллаҳои Чашмасор, Амиршоев ва корхонаи воҳиди давлатии "Манзили хизматрасонии №3-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ" мулоқоти масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд.

Зимни ҷамъомад ҳозирин сухан карда аз дастовардҳои замони соҳибихтиёрии кишвар дар самтҳои мухталифи ҷомеа ёдовар гардида иброз намуданд, ки Истиқлоли давлатӣ осон ба даст наомадааст ва он ҳамчун кохи ормони беш аз ҳазорсолаи ниёгон аз обу гили эҳсоси хештаншинос, худогоҳӣ ва меҳанпарастӣ бунёд шуд. Пас аз тулӯи хуршед осмони иқболи сокинони кишвар соф ва олами орзуву умеди тоҷикону тоҷикистониён саршор аз зиёву нур гардид.

Иштирокдорон перомуни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, иброз дошт, ки Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарогири тамоми паҳлуҳои ҳаёти дохилӣ ва хориҷии кишварамон буд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"